Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назари марзбонони тоҷик ба ҳодисаи Ботканд


Идораи марзбонии Тоҷикистон дар робита ба ҳодисаи ахири Ботканд расман эълон кардааст, ки ҳодисаи убури ғайриқонунии марз аз Тоҷикистон ба Қирғизистон ва баръакс ба вуқӯъ напайвастааст.

Қаблан, хабаргузориҳои қирғизӣ ва мақомоти марзбонии он кишвар гуфтанд, шаби 14-ум ба 15-уми октябр як гурӯҳи мусаллаҳ аз Тоҷикистон вориди Ботканди Қирғизистон шуда, ва бо марзбонҳои он кишвар даргир шудаанд. Мақомот ва матбуот ҳадс мезаданд, ки шояд ин афрод аъзои гурӯҳҳои ҷинояткоре буданд, ки аз таъқиби мақомоти Тоҷикистон ба хоки ҳамсоя паноҳ бурдаанд.

Вале хабаргузории давлатии «Ховар» аз қавли Хадамоти матбуотии Идораи марзбонии Кумитаи амнияти Тоҷикистон навиштааст, рӯзи 14-уми октябр марзбонони тоҷик ва ниҳодҳои интизомии кишвар дар ноҳияи Исфара ва аз ҷумла дар минтақаи марзи байни ду кишвар ягон гурӯҳи мусаллаҳеро таъқиб накардаанд ва бо ягон гурӯҳе вориди даргирии мусаллаҳона нашудаанд.

Идораи марзбонии Тоҷикистон гуфтааст, марзбонони кишвар дар наздикии посгоҳи марзбонии Кӯктоши Қирғизистон дар ҳақиқат садои тирпаррониро шунидаанд ва посбонии марзро таҳким ва шиддат бахшидаанд. Ин ниҳод гуфтааст, ҳамкорӣ бо ҳамтоёни қирғизашон дар посбонии марз ва таъвизи иттилоот ба роҳ монда шудааст. Идораи марзбонии Тоҷикистон гуфтааст, дар ҳоли ҳозир амалиёти муштараки фаврӣ-низомӣ барои дарфёт ва боздошти ин гурӯҳи ҷинояткор дар ҳоли татбиқ аст.

Вале шумораи ин гурӯҳ, аслиҳаашон, ҳуввияташон ва миллияташон дақиқ нест, гуфтааст Идораи мразбонии Тоҷикистон.

Ин ниҳод ҳамчунин гуфтааст, ки марзбоонони баландпояи ҷониби Қирғизистон дар сӯҳбат бо ҳамтоёни тоҷикашон гуфтаанд, дақиқ намедонанд, ки оё гурӯҳ ба хоки Тоҷикистон гузаштааст ё ҳанӯзам дар Қирғизистон боқӣ мондааст.
XS
SM
MD
LG