Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Муассисаи озуқаи СММ гуфтааст, ки ҳудуди 1,5 миллион аз ҷамъияти Тоҷикистон ба камбуди озуқа мувоҷеҳ ҳастанд.

Ба ин далел масъулони давлатӣ ва созмонҳои байнулмилалӣ мегӯянд, Тоҷикистон ҳамчунон ба кумаки башардӯстонаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ниёз дорад.

Бемористони кӯдаконаи бемориҳои сили шаҳри Душанбе танҳо ниҳоди беҳдоштӣ дар пойтахти Тоҷикистон аст, ки аз кумакҳои башардӯстонаи Муассисаи ҷаҳонии озуқаи СММ бархурдор аст. Зокир Қаландаров, масъули ин бемористон мегӯяд, «дар беморхонаи мо кӯдакони касалиҳои сил табобат меёбанд. Дар ҳақиқат ба мо аз сӯи созмонҳои байнулмилалӣ, ба хусус Барномаи озуқаи СММ кумакҳои ғизоӣ - орду равган ва ғайра ворид мешавад. Беморони мо ҳафт–ҳашт моҳ дурудароз табобат меёбанд ва агар ғизои хуб истифода накунанд, зуд шифо намеёбанд. Аз буҷа кумак мешавад. Лекин хеле кам аст».

Бар иловаи озуқа ба ин бемористон маводи доруии мавриди ниёз ворид мешавад. Зеро ба гуфтаи Зокир Қаландаров, масъули бемористони кӯдаконаи бемориҳои сили шаҳри Душанбе, дар ин муассиса, ки ҳудуди 50 тан тифли бемор муолиҷа мешаванд, камбуди доруворӣ аз дигар мушкилоти ин бемористон аст.

Ин дар ҳолест, ки Муассисаи озуқаи СММ аз 16 соли пеш дар Тоҷикистон фаъол аст ва он гуна, ки Ҳеза Ҳилл, муовини раҳбари ин муассиса дар Душанбе, ба радиои Озодӣ гуфт, ин ниҳоди башардӯстона барои рафъи камбуди озуқа ва аз байн бурдани фақру камбизоатӣ тарҳҳоеро дар манотиқи мухталифи ин кишвар рӯи даст дорад.

Ҳеза Ҳилл, меафзояд, 750 ҳазор сокини Тоҷикистон аз тариқи чаҳор дафтари Муассисаи ҷаҳонии озуқа дар ин кишвар кумакҳои заруриро дарёфт мекунанд. Хонум Ҳилл таъкид кард, ки бо кумаки ин муассиса ба 360 ҳазор аз шогирдони мактабҳои Тоҷикистон, ки 70 дарсади мактабҳо дар деҳоти ин кишварро ташкил медиҳад, хӯроки гарм дода мешавад. Ин вазъ на танҳо мавриди истиқболи падару модарон ва омӯзгорон, балки боиси хушҳолии хонандагони синфҳои поёнии мактабҳо низ мегардад.

Афзун бар ин 260 ҳазор сокини ин кишвар низ аз Муассисаи ҷаҳонии озуқа кумаки якдаъфаина, ки шомили орд, равған, нахуд ва намак аст, дарёфт мекардаанд. Ҳамчунин тавзеи маводи озуқа ва доруӣ барои 150 ҳазор аз беморони сил ва гирифторони вируси норасоии масунияти одам дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон аз дигар фаъолиятҳои ин созмони байнулмилалӣ унвон шудааст.

Бо ин ҳам пажӯҳиши ахири Муассисаи ҷаҳонии озуқаи СММ, ки моҳи августи соли ҷорӣ дар қаламрави Тоҷикистон анҷом шудааст, собит кардааст, ки ҳудуди 1,5 миллион аз сокинони ин кишвар ба камбуди ғизо рӯ ба рӯ ҳастанд.

Ҳеза Ҳилл, муъовини раҳбари Муассисаи ҷаҳонии озуқаи СММ дар Душанбе, гуфт, «ин муассиса мониторинги амнияти озуқа дар Тоҷикистонро анҷом медиҳад, ки аз моҳи октябри соли 2008 мелодӣ оғоз шудааст. Ин тарҳ ҳар се моҳ ба манзури ошкор кардани теъдоди ҷамъияти Тоҷикистон, ки ба камбуди ғизо мувоҷеҳ ҳастанд, сурат мегирад. Охирин мониторинг, ки моҳи августи соли ҷорӣ гузаронида шуд, нишон дод, ки 1 миллиону 400 ҳазор нафар дар кишвар ба камбуди ғизо рӯ ба рӯ ҳастанд».

Фақру нодорӣ, мушкилоти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ва муҳимтар аз ҳама набуди маблағи кофӣ барои харидории маҳсулоти мавриди ниёз аз сабаби аслии ин амр унвон мешавад. Ин дар ҳолест, ки тибқи омори расмӣ мизони фақру камбизоатӣ ҳудуди 50 дарсади ҷамъияти Тоҷикистонро ташкил медиҳад.

Абдулҳамид Шарипов, сокини 52-солаи шаҳри Душанбе, ки коргари ширкати сохтмонӣ мебошад, мегӯяд даромади моҳонааш бештар барои харидории маводи ғизоӣ масраф мешавад. Вай гуфт, «ҳар моҳ қариб 700–800 сомонӣ маош мегирам, лекин бештари он барои хӯрока меравад. Зеро хонавода бузург аст ва нархи озуқа гарон. Ростӣ ҳайронам, чи кор кунам».

Аммо Исматулло Одилов, сокини дигари Душанбе, мегӯяд, манбаи аслии даромади хонаводаашро фарзандони дар Русия будааш таъмин мекунанд. Вай меафзояд, «Худоро шукр, ки фарзандон дар Русия кор мекунанд ва он ҳастанд, ки зиндагии мо пеш меравад. Вагарна маоше, ки 170 сомонӣ мегирам, барои хӯрока намерасад».

Ин дар ҳолест, ки дар чанд соли ахир нархи маҳсулоти ғизоӣ, ба хусус гӯшт дар бозорҳо ва дуконҳои кишвар, боло рафта ва ин вазъ болои зиндагии мардум таъсир гузоштааст. Ин аст, ки сӯҳбат бо бархе аз занони сокини шаҳри Душанбе ва атрофи он мушаххас кард, ки ғизои рӯзонаи хонаводаашон на ҳамеша аз гӯшт омода мешавад.

Як зан мегӯяд, «дар зиндагӣ қувват ба тавоноӣ аст. Мо тоҷикон оши тупа, шакароб ва қурутоб мехӯрем. Хуб гоҳе мешавад, ки гушт мехурем, лекин доимӣ не, чунки маоши мо барои хариди гушт камӣ мекунад. Чунки як кило гушт 18-20 сомонӣ аст».

Зани дигар афзуд, «фақат картошкапиёба, капустпиёба мехӯрем. Гуштро қариб ки намебинем. Дар тӯю маъракаҳо гуштро ба серӣ нахӯрем, дигар дар хона хурда наметавонем».

Дар ҳамин ҳол бо таваҷҷӯҳ ба ҳосили фаровони тавлидоти ғалладона дар Тоҷикистон, то андозае мушкилоти сокинони кишвар дар заминаи таъмин бо орд ва маҳсулоти ордӣ ҳал шудааст. Зеро ҳамакнун қиммати навъи якуми орд дар бозорҳо ва дӯконҳои шаҳри Душанбе ба 85 -90 сомонӣ ё муодили 20 доллари амрикоӣ баробар шудааст. Дар ҳоле, ки дар аввалҳои соли ҷорӣ нархи як халта орди навъи якум то 130 сомонӣ ё ҳудуди 30 доллари амрикоӣ қимат дошт.

Муддати ду соли ахир низ майдони кишти пахта дар воҳидҳои кишоварзии Тоҷикистон кам шудааст, ки яке аз сабабҳои аслии ба беш аз 1 миллион тонна расондани тавлидоти ғалладонагӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG