Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрикоиён кӯдакистонро таъмир карданд


Маҳинаи Киром, сокини 6-солаи ноҳияи Панҷ, аз он хурсанд аст, ки акнун волидонаш ҳамарӯза ӯро ба боғча назди дугонаву муррабияҳояш мебаранд.

Чунин имконро ба Маҳина ва 150 тифли дигари ноҳияи Панҷ сафорати Амрико дар Тоҷикистон бо таъмиру таҷдиди боғчаи бачагонаи рақами 1-и ин ноҳия фароҳам овард. Кӯдакистони мазкур аз сӯи гурӯҳи кор бо шаҳрвандони артиши Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба маблағи 30 ҳазор доллар таъмиру таҷдид шудааст.

Ба гуфтаи Мирзодавлат Сабуров, раиси ноҳияи Панҷ, ин дуввумин кӯдакистон дар ноҳияи Панҷ аст, ки аз замони Шӯравӣ бад-ин сӯ таъмир надидаву, дар ҳолати харобй қарор дошт.

Кен Гросс, сафири Амрико дар Тоҷикистон, дар маросими ба истифода дода шудани боғчаи кӯдаконаи ноҳияи Панҷ бо забони тоҷикӣ сӯҳбат карда гуфт, сармоягузорӣ ба манфиати кӯдакон беҳтарин амал аст.

Вай афзуд, «кӯдакон ояндаи ҷамъияти мо мебошанд. Мо вазифаи таълими фарзандон ва таъмини онҳоро ба мактабҳои олисифат бар дӯш дорем. Акнун кӯдакони ноҳияи Панҷ соҳиби боғчаи обод шудаанд. Ин лоиҳа намунаи кори ду ҳукумат барои кӯдакони Тоҷикистон мебошад. Сафорати Амрико ҳамчунин барои баланд бардоштани сифати зиндагии шаҳрвандон ба Тоҷикистон дар ҳама соҳаҳо ҳамкорӣ мекунад».

Аммо ин нахустин чунин иқдоми низомиёни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон нест. Онҳо ҳамчунин дар тармиму таҷдиди беморхонаи ноҳияи Қумсангир, мактаби рақами 10 ва беморхонаи ноҳияи Фархор бо ихтисоси 300 ҳазор доллар иштирок кардаанд.
XS
SM
MD
LG