Пайвандҳои дастрасӣ

Консули тоҷик аз ҳоли зиндониҳои Свердловск пурсон шуд


Як хабаргузории интернетии русӣ (http://eanews.ru) мегӯяд, ки раҳбари консулгарии Тоҷикистон дар Екатеринбург ахиран аз зиндонҳои вилояти Свердловск дидан кард. Фаррух Шарипов дар ин сафари худ аз вазъи зиндонҳои рақами 5, 6 ва муассисаи табобатию тарбиявии 51-уми Нижний Тагил, хобгоҳҳову утоқҳои тиббӣ, ошхонаҳо ва сохтори ин маҳбасу боздоштгоҳҳо аз наздик шинос шуд. Дар мулоқоти ҷудогона бо зиндониҳои тоҷикистонӣ вай дар бораи шароити буду боши онҳо, имкони гирифтани маълумот, шароити барқарор кардани санаду ҳуҷҷатҳои онҳо суолҳо карда инчунин ваъдаи ҳалли баъзе мушкилоти дигари онҳоро ҳам кардааст. Фаррух Шарипов дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфтааст, ки куллан вазъи нигаҳдории зиндониҳо қонеъкунанда аст.
XS
SM
MD
LG