Пайвандҳои дастрасӣ

Имзои созишномаи саноатӣ ва ҳарбии СПАД


Tajikistan - Logo sign of the Tajik Aluminium Plant Talco in Tursunzoda region, 06Jul2009

Tajikistan - Logo sign of the Tajik Aluminium Plant Talco in Tursunzoda region, 06Jul2009

Дар нишаст, ки пушти дарҳои баста сурат гирифт, дар ҳузури аъзои котиботи СПАД ва комиссияҳои марбутаи кишварҳои узви созмон 20 санади ҳамкориҳои иқтисодӣ баррасӣ шуд.

Ширкаткунандагони нишасти Душанбе дар бораи таҳкими дурнамои ҳамкориҳои иқтисодӣ-ҳарбӣ, ҳамкории муштарак дар бахши истеҳсоли дастаҷамъонаи аслиҳа, ташкили корхонаҳои муштараки саноатии ҳарбӣ, фармоиши муҳимоти ҳарбӣ дар корхонаҳои аъзои созмон, раҳандозии истеҳсоли маводи замонавии ҳарбӣ ва таҷдиду таъмири иншооти мазкур табодули назар карданд.

Муовини вазири саноат ва энержии Тоҷикистон Маҳмадшариф Ҳақдодов, ки раҳбарии комиссияи саноатии Тоҷикистонро бар ӯҳда дорад, мегӯяд, муҳимтарин хулосаи ин нишаст имзои созишнома дар бораи таҳкими корхонаҳои саноатии замони шӯравӣ мебошад, ки муҳимоти ҳарбӣ тавлид менамуданд.

Ҳақдодов бар ин назар аст, ки ин корхонаҳо ба маблағгузории бештар ниёз доранд. Вай гуфт, «ин корхонаҳои саноатии ҳарбӣ аз ҳисоби худашон, яъне корхонаҳое, ки дар қайди созмон ҳастанд, таъмиру таҷдид карда мешаванд. Ва таъсиси корхонаҳои нави муштараки иқтисоди ҳарбӣ ҳам дар назар аст. Корхонаҳои мазкур ҳоло фаъолияти шаҳрвандӣ доранд, яъне маҳсулоти саноатӣ истеҳсол мекунанд, на маводи ҳарбӣ».

Аз замони шӯравӣ дар Тоҷикистон 6 корхонаи саноатии ҳарбӣ боқӣ мондааст. Корхонаи «ФаНОН», ки дар замони шӯравӣ як қисми таҷҳизотро барои киштиҳои кайҳонӣ истеҳсол мекард, ҳоло хусусӣ шудааст. Бархе аз ин корхонаҳо, ки ҳанӯз ҳам дар ихтиёри ҳукумат мебошанд, амсоли «Заря Востока»-и шаҳри Табошар, «Востокредмет»-шаҳри Чкаловск, «Тоҷиктекстилмаж»-и Душанбе, «Химзавод»-и Исфара мебошанд, ки қисман фаъолият доранд. Ин корхонаҳо асосан дар замони шӯравӣ сохта шудаанд, баъди суқути шӯравӣ қисман аз фаъолият мондаанд.

Ба гуфти Маҳмадшариф Ҳақдодов, имрӯз зарур аст, ки он корхонаҳои саноатии ҳарбии дар замони шӯравӣ бунёдшуда дубора фаъол гарданд.

Узви ҳайати Қазоқистон Ғайрат Боймуҳамадов гуфт, созмонро зарур аст, ки пеш танзими ҳамкориҳои саноатии ҳарбӣ таъмини мутахассисон ва бехатарии иншоотро таъмин кунад. Ба гуфтаи ӯ,

«дар Қазоқистон чунин корхонаҳо баъди парокандашавии шӯравӣ ҳоло ҳам фаъолият доранд. Вале ин корхонаҳо низ ба мутахассисони замонавӣ ва таҷҳизоти техникӣ ниёз доранд. Сари ин масъала бояд созмон барномаҳои мушаххасро муайян кунад ва пеш аз фармоишу истеҳсоли маводи ҳарбӣ роҳандозӣ кунад».

Коршинос Ҷурахон Буриев мегӯяд, ки аслан дар замони шӯравӣ фаъолияти ин гуна корхонаҳои саноатии ҳарбӣ дар Тоҷикистон бо таври пинҳонӣ буд. Ва аксаран ин қабил муассисаҳо ва корхонаҳо дар Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Белорусия бештар сохта шуда буданд. Шореҳи тоҷик бо ишора ба вазъи кунунии иқтисоди Тоҷикистон мегӯяд, ки ин дар танҳоӣ аз ӯҳдаи барқарорсозии муассисаҳои саноати ҳарбӣ намебарояд.

Анвар Набиев, ки солҳо дар назди яке аз чунин корхонаҳо кор кардааст, меафзояд, ки баъди 16 соли фаъолияти корхона фаҳмидаанд, ки кадом навъи аслиҳаро тавлид мекардааст.

Дар сурати тасвиби созишҳои Душанбе аз тарафи ҳафт кишвари узви СПАД, яъне Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон, кишварҳо ба истифодаи муштараки корхонаҳои саноати ҳарбии СПАД даст хоҳанд ёфт.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG