Пайвандҳои дастрасӣ

Тамрини СПАД хотима ёфт


Kazakhstan -- Presidents Nursultan Nazarbaev, Dmitry Medvedev, Emomali Rakhmon and Serzh Sarkisian at the Matybulak firing range, 16Oct2009

Kazakhstan -- Presidents Nursultan Nazarbaev, Dmitry Medvedev, Emomali Rakhmon and Serzh Sarkisian at the Matybulak firing range, 16Oct2009

Рӯзи охири тамринҳои нирӯҳои вокуниши сареъро раисони ҷумҳуриҳои панҷ кишвари узви ин паймон – Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Арманистон назорат карданд. Хабарнигори радиои Озодӣ, ки машқҳои зери унвони “Ҳамкорӣ-2009”-ро дар майдони Матибулақ аз наздик мушоҳида мекард, гуфт, Дмитрий Медведев, Эмомалӣ Раҳмон, Нурсултон Назарбоев, Қурмонбек Боқиев ва Серж Саркисян бо сару либоси вижаи низомӣ дар тан савори се чархболи сафед ба маҳалли машқҳо дар ҷануби Қазоқистон ташриф оварданд. Ин сару либос дар пешорӯи машқҳо махсус бо пешниҳоди Медведев таҳияву дӯхта шудааст. Эрмек Болтай, хабарнигори озодӣ аз размоишгоҳи Матибулақ либоси панҷ раиси ҷумҳуриро чунин тасвир кард:

“Ҳама президентҳо бо либоси ягонаи низомӣ ҳозир шуданд. Ба назари ман, либоси онҳо ба либоси низомиёни амрикоӣ шабоҳат дошт: рангаш хокистарии доғ-доғ, дар сар кулоҳе доштанд, ки ба русӣ фуражка мегӯянд. Ҳама дар по мӯза доштанд. Ҳаво дар майдон гарму офтобӣ, тақрибан 18 дараҷа буд. Бозуи рости ҳар раҳбар бандеро бо навиштаҷоти “ОДКБ”, яъне созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ дошт. Аксари кулли нирӯҳои заминӣ либоси шабеҳи президентҳоро пӯшида буданду нирӯҳои вижа мисли “Витяз” бо либоси спецназ ( нирӯҳои таъиноти махсуси Русия) омада буданд”.

Вай гуфт, ҳадафи эҳтимолии машқҳо чунин аст, ки гӯё гурӯҳҳои террористӣ ба Русия ҳамла кардаанду кишварҳои ҳампаймонони вай барои муқовимат ба ҳамлагарон ба кӯмак шитофтаанд. Барои анҷоми ин амалиёти санҷишӣ ҳафт ҳазор нирӯ аз ҳамаи ин панҷ кишвари узви паймон, 120 тонк, беш аз 200 адад зиреҳпӯш, 40 ҳавопаймову чархбол ширкат доштанд. Эрмек Болтай афзуд:

“Тамринҳо тақрибан яку ним соат давом кард. Дар он нирӯҳои заминиву ҳавоӣ ширкат карданд. Машқҳо бо намоиши амалиёти ҷилавгирӣ аз убури ғайриқонунии марз шурӯъ шуда бо амалиёти зидди террористӣ анҷом ёфт”.

Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳурии Қазоқистон ба ҳайси раҳбари кишвари мизбон танҳо нафаре буд, ки баъди анҷоми тамринҳо ширкатдоронро бо анҷоми муваффақиятомези кор ташаккур кард. Вай гуфт, ки ин санҷиши ҳамоҳангии кори миёни нирӯҳо дар ҳолати пеш омадани хатари зидди яке аз кишварҳои узви созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ буд. “Ин чиз дар оинномаи созмон ҳам навишта шудааст, ки мо ҳама аъзои паймонро аз хатарҳои тундгарониву терроризм ва қочоқбарони маводи мухаддир ҳимоят хоҳем кард”- гуфт Назарбоев.

Яке аз масъалаҳое, ки бештар мавриди таваҷҷӯҳи расонаҳои хабарӣ дар пешорӯи ин машқҳо қарор дошт, адами ҳузури раҳбарони Ӯзбакистону Беларус – Ислом Каримову Александр Лукашенка дар ин тамринҳо будааст. Дар ҳоле, ки аз назари таҳлилгарон, Русия тавассути ташкили ин нирӯҳо ва баргузории машқҳои бисёрҳазорнафараи нирӯҳои тозатаъсис мехоҳад дар муқобили Ғарб ва НАТО нуфузи афзояндаи низомии худро ба намоиш гузорад, аммо Ӯзбакистони узви созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ шадидан мухолифи ташкили ин нирӯҳо будааст. Тошканд аз ин пеш мухолифати шадиди худро ба нақшаҳои тавсеаи ҳузури низомии Русия дар қаламрави Қирғизистон баён карда буд. Таҳлилгарон мегӯянд, ки аз як сӯ ҷоҳталабиҳои Тошканд барои ҳифзи мақоми бартарӣ дар минтақа ба унвони кишвари пурнуфузтарини Осиёи Марказӣ ва аз тарафи дигар, бозиҳои дугонаи ҳамешагии вай бо Ғарбу Русия боиси чунин мавқеъгирии ин кишвар шудааст.

Дар масъалаи Беларус мухолифатҳои байни Минску Маскав дар масъалаҳои тиҷорату савдо сабаби аз саҳмгузорӣ дар ин нирӯҳо сарпечӣ кардани Лукашенко шудааст.

Аксари нозирони бетараф мегӯянд, ки бо вуҷуди пофишории Русия барои зудтар вориди амал шудани ин нирӯҳо ва ташкили фаврии машқҳои густардаи низомӣ дар Қазоқистон мавқеву вазифаи ин нирӯҳо бо назардошти адами ҳамдилӣ дар миёни аъзои паймони дастаҷамъӣ хеле печида боқӣ мемонад. Чунки маълум нест, ки оё дар шароити набуди ваҳдати назару ҳамдилии воқеӣ дар миёни худи аъзои ин паймон ва дар сурати пеш омадани кадом низои мусаллаҳонаи миёни ҳамсояҳо оё нақши нирӯҳои вокуниши сареъ амалан аз чӣ иборат хоҳад буду барои ҳимоят аз кадом тараф сафарбар хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG