Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марзшиканон аз Ворух буданд?


Ferghana.ru аз қавли мақомоти марзбонии Қирғизистон навиштааст, ки изи пои нафарони гурӯҳи рӯзи 14 июн вориди хоки ин кишваршуда ба деҳаи наздимарзии Ворухи вилояти Исфараи Тоҷикистон мебарад. Ин манбаъ аз қавли марзбонҳои Қирғизистон мегӯяд, ки гурӯҳи мазкур эҳтимолан дар кӯҳҳо панаҳ бурдааст. Дар маҳалли марзшиканӣ, омадааст дар варақаи иттилоотии марзбонӣ, чор борхалта бо захираҳои ғизо, як норинҷак ошкор шуда инчунин дар паи кофтукову ҷустуҷӯи маҳал ду макон бо осори гулхан ва изи пои ҳафт-ҳашт нафар пайдо шудааст. “Гурӯҳҳои ҷустуҷӯӣ ошкор кардаанд, ки изи пои ин нафарон ба аклави Ворух мебарад”, - гуфта мешавад дар изҳороти марзбонони қирғиз. Барои ҷустуҷӯи марзшиканҳо воҳидҳои низомии нирӯҳои марзбонӣ, вазорати дифоъ ва вазорати умури дохила, кумитаи амнияти миллӣ дар вилояти Боткан ва чархболи низомие ҷалб шудааст.
Дар ҳамин ҳол, Интерфакс аз қавли мақомоти Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки марзбонони тоҷик назорати марз бо Қирғизистонро шиддат бахшидаанд. Мақомот гуфтаанд, ки чунин тасмим баъди хабари убури марзи Қирғизистон кардани гурӯҳи номуайяне гирифта шуд. Рӯзи панҷшанбе мақомоти Қирғизистон гуфтанд, ки гурӯҳи афроди мусаллаҳе аз қаламрави Тоҷикистон вориди вилояти Боткан шуда ҳангоми фирор аз марзбонон ба ҷониби онҳо оташ кушодаанд. Вале мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки мусаллаҳ ва ё аъзои кадом гурӯҳи низомӣ будани ин афродро таъйид карда наметавонанд.
XS
SM
MD
LG