Пайвандҳои дастрасӣ

Акбар Турсонзод дар Амрико 70-сола шуд


Акбари Турсонзод, донишманд ва файласуфи шинохтаи тоҷик

Акбари Турсонзод, донишманд ва файласуфи шинохтаи тоҷик

Акбари Турсонзод, донишманд ва файласуфи шинохтаи тоҷик, дар муҳоҷират дар Пенсилванияи Амрико ба синни мубораки 70-солагӣ расид.

Ин донишманди тоҷик ҳанӯз аз ҷавонӣ бо як силисила таҳқиқоти арзишманд дар бахши коиноту фалсафа дар густараи Шӯравии пешин ном бароварда буд. Вале баъд аз фурӯпошии Шӯравӣ ва оғози ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон оқои Турсонзод зиндагӣ дар Амрикоро ихтиёр кард ва бо Бозор Собир ду чеҳраи шинохтаи илм ва адабу фарҳанги тоҷик мебошанд, ки бо навиштаҳои худ ё бо эҷоди худ бо ҳамватанонашон дар Тоҷикистон робита доранд.

Дар як сӯҳбати телефонии миёни Прага ва Амрико барномаи "Садои Ҳамватан"-и радиои Озодӣ 70-умин солгарди зодрӯзро аз номи шунавандагони радиои Озодӣ ба устод Турсонзод табрик гуфт ва пурсид, ки дар берун аз ватан зодрӯз барои эшон чӣ рӯзест, рӯзи махсус, маъмулӣ, рӯзи шодиву нишот, ё як навъ пазмонии шояд ғамангез?

Акбар Турсонзод: -Азбаски ман фаъолияти илмиамро аз кайҳоншиносӣ оғозидаам, зодрӯз бароям рӯзи андеша аз мурури замон аст. Аз қавли пайғамбари охирзамон овардаанд, ки «ҳар киро Худо шаст сол умр диҳад, узре барои ӯ нагузошта аз ҷиҳати умр». Дар зимн як нуктаи фалсафиро афзудан мехоҳам. Вақте ки синнатон аз шаст гузашт, бароятон ритми замон тағйир меёбад, яъне ки суръати ҷоришавии вақт бештар аз пештар хоҳад буд. Ва чун, ба қавли Лоиқ, “рӯзҳо аз сари мо аз дили мо мегузаранд”, вақти гузашта дар таҳтуззеҳнамон нақше ё ҳатто захме боқӣ мегузорад. Бинобар ин бароям зодрӯз рӯзи афсӯсхӯрист, пушаймонӣ не, маҳз афсӯсхӯрист аз он ки боз як соли тамом гузашт, бо суръате гузашт, ки натавонистӣ ба он мутобиқ шудан. Яъне нақшаҳоятро ба вақту соате, ки мехостӣ, анҷом дода натавонистӣ. Аз ин рӯ ба муносибати зодрӯзам, хоҳ он соли муқаррарӣ бошад ва хоҳ, ба истилоҳ, юбилей, маъракаи хушу хурсандӣ ташкил намекунам, аз табрику муборакбодиҳо мегурезам, ба беша ё лаби уқёнус рафта, тамоми рӯз яккаву танҳо сайр мекунам ва пайваста меандешам. Бузургони мо аз танҳоӣ пайваста ҳасрат кардаанд. Ва ҳол он ки худи ҳамон танҳоист, ки ба онҳо фурсату имкон додааст рахши андешаро дар ҳафт майдони хаёл инон сар дода, шоҳасарҳо офаранд! Танҳоӣ – партовгоҳи мушаки эҷод аст! Ба ин маънӣ, аз қавли шоираи фарзонаамон Фарзона гӯям, «лаззатест танҳоӣ, лаззате, ки дарёбӣ».

Савол: -Аз сӯҳбат маълум мешавад, ки саршори андеша ҳастед. Мумкин аст бигӯед, ки мавзӯи андешаатон чӣ аст ё дар бораи чӣ бештар фикр мекунед?

Акбар Турсонзод: -Мавзӯи андешаам ҳамон аст, ки буд: андар қофилайи умр, ки ба қавли Хайём “аҷаб мегузарад”. Хайём низ афзуда “дарёб даме, ки бо тараб мегузарад”. Яқинан дар айёми ҷавонӣ гуфтааст. Хайёми пир, ки китоби “Шифо”-и Абӯалии Сино дар даст ҷон дода будааст, дар тирамоҳи рӯзгораш аз он меандешид, ки чаро Косагари Азал «бар хони вуҷуди мо нагун коса ниҳод, в-он косаи сарнагун пур аз савдо кард». Абӯалии Сино бошад, дар шигифт буд, ки дар косахонайи сарнагуни пур аз савдояш фикру хаёли бикр аз куҷо пайдо мешавад. Андешайи ман бошад, аз шукронаи неъмат оғоз мешавад: шукри имрӯз, ки расидам, шукри дирӯз, ки будам, шукри хислати худододам, ки маро аз хӯрдани ғами “дорам ё не” эмин медорад. Ва вақте ки субҳ бедор шуда ҳис мекунам, ки ягон ҷоям сахт дард намекунаду ақлу ҳушам низ равшан бувад ва муҳимтар аз ҳама барои давом додани кори шабмонда ҳавасу ҳавсалаам ҳанӯз пир нашудааст, ин лаҳза бароям оғози наврӯзи дилафрӯз аст, чаро ки боқии рӯзро бо нури илҳом мунаввар мекунад.

Савол: -Шумо дар бораи оянда чӣ фикр мекунед?

Акбар Турсонзод: -Метавонистам боз ба забони Хайём ҷавоб диҳам: “рӯзе ки гузаштааст, аз ӯ ёд макун, фардо ки наёмадаст, фарёд макун”! Вале чун медонам, ки инро Хайёми шоир гуфта ва низ на дар айёми пирӣ, файласуфона ҷавоб медиҳам: Инсон ягона мавҷудоти зинда аст, ки гузаштаро дар ёд дораду аз оянда пайваста меандешад. Ҳамзамон ӯ чун махлуқи соҳибақл нағз медонад, ки ояндааш ҳадде дорад, ки шикастани он дар ихтиёри вай нест. Эйнштейн эҳсоси худаш барин олимони бузурги табиатшиносро қаламӣ карда зимнан гуфта буд: «Шахсият, аз як сӯ, ночизии хоҳишу мақсадҳои одамизодаро ҳис кунад, аз сӯи дигар, мебинад, ки дар табиат ва олами ғояҳо аҷаб низоми воломақом ва тартиби мӯъҷизавор зоҳир мешавад. Аз ин рӯст, ки вай вуҷуди худро як навъ зиндон ҳисоб карда, фақат коиноти томро ҳамчун як чизи воҳид ва маънидор мепазирад». Бинобар ин ҳам файласуфи кайҳонгаро бар хилофи нависандаи инсонгаро аз ҷиҳатҳои шахсӣ ва отифона ё эмотсионалии муаммои ҳаёту мамот сарфи назар мекунад.

Илм шаҳодат медиҳад, ки дар арзи ҳазор соли охир умри одамӣ ба ҳисоби миёна торафт дароз мешавад. Вале ҳамааш шуда ҳафт фоизи одамони ҷаҳон ба синни 65 мерасанд. Пас, вақте ки лат хӯрдаву хаста шуда, аз ин «сарҳадди заррин» гузаштед, минбаъд ҳар рӯзатон Наврӯз мешавад ва боистанию шоистанист, ки ҳар субҳро бо сипосу санои сарнавишт оғоз намоед! Факат ҳаминаш ғуссаовар аст, ки ҳатто онҳое, ки барояшон умри дароз ва давлати пирӣ насиб шудаст, дар лаҳзаи аз дунё рафтанашон гуфта наметавонанд, ки ҳамаи орзуву ниятҳояшонро ба амал баровардаанду дар дилашон ормоне дигар намондааст. Умари Хайём бо назардошти ҳамин воқеияти рӯзгори одамӣ панде гуфтааст, ки барои инсони соҳибфикр роҳтӯшаи маънавист:

Зинҳор, ки сармояи ин мулки ҷаҳон
Умр асту бад-он сон гузаронӣ, гузарад…

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG