Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Варзишгари тоҷик қаҳрамони ҷаҳон шуд


Далер Сайфиддинов, варзишгари тоҷик
Далер Сайфиддинов, варзишгари тоҷик

Далер Сайфиддинов, варзишгари тоҷик, дар мусобиқаи ҷаҳонӣ дар риштаи таэквон-до ИТФ дар шаҳри Санкт-Петербург медали тилло ба даст овард.

Далер Сайфиддинов, дар рақобатҳои инфиродӣ дар вазни 78 килограмм дар даврҳои муқаддамотӣ бар Дашдаваа Эрденебаатар (Муғулистон), Назир Аҳмад (Афғонистон), Луки Вакели (Бритониёи Кабир) ва Николас Коконезис ( Юнон) дастболо шуда, дар даври ниманиҳоӣ Александр Вернери русиягиро мағлуб кард.

Далер Сайфиддинов дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Ян Мрачек, намояндаи Ҷумҳурии Чех, пирӯз шуда, ба унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёфт.

Дар мусобиқаи XVI қаҳрамонии ҷаҳон дар шаҳри Санкт-Петербург варзишгарони беш аз 80 кишвари ҷаҳон ширкат доранд.
XS
SM
MD
LG