Пайвандҳои дастрасӣ

Дархости хешовандони кӯҳнавардони амрикоӣ аз Эрон


Хешовандони се кӯҳнаварди амрикоӣ, ки беш аз дую ним моҳ пеш бо иттиҳоми убури ғайриқонунии марз боздошт шуданд, аз мақомоти Эрон тақозои озодкунии билофосилаи азизонашонро карданд. Дар зери дархосте ба ин манзур, ки рӯзи панҷшанбе ба мақомоти Эрон дар ҳайати СММ дар Ню-Йорк супурда шуд, дую ним ҳазор нафар имзо кардаанд. Дар аризаи мазкур амиқан изҳори умедворӣ мешавад, ки Эрон дар нисбати ин қазияи ноком бахшояндагиву шафқат нишон дода се боздоштшудаи амрикоиро озод хоҳад кард. Лаура Фаттал, модари Ҷош Фаттал, яке аз кӯҳнавардон гуфт:

“Мо мехоҳем кору амалро бубинем. Мо мехоҳем ҳаракат, як ҷунбишро бубинем. Фарзандони мо дар зиндон ҳастанд. Онҳо бояд зиндагиро пеш баранд. Онҳо ниятҳои зиёд дар дил доранду бояд ба корҳои худ бирасанд. Онҳо ҷавонанду тоза зиндагиро шурӯъ кардаанд”.

Ҷош Фатталу Шейн Бауэри 27-сола ва Сара Шоурди 31-сола дар охирҳои июл аз ҷониби мақомоти эронӣ ҳангоме боздошт шуданд, ки ин се нафар мехостанд кӯҳҳои Курдистони шимолиии Ироқро убур карда эҳтимолан аз хати ишораношудаи марз бо Эрон гузаштаанд. Баъдтар Ҷумҳурии Исломӣ тавассути сафорати Швейсария дар Теҳрон ИМА-ро дар бораи дастгир шудани ин се нафар огоҳ кард. Моҳи сентябр сафири Швейсария аз ҳоли ин се нафар дар зиндон хабар гирифт, вале ба аҳли хонаводаи ҷавонҳо иҷозаи мулоқот бо азизонашон дода нашуд.
XS
SM
MD
LG