Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиши нави пурқурбонӣ дар Покистон


Рӯзи ҷумъа дар паи таркиши як маргталаб дар шимолу ғарби Покистон дасти кам 11 нафар ба ҳалокат расиданд. Таркиш дар беруни идораи полиси Пешавар, маркази вилояти мушкилзои шимолу ғарби Покистон рӯй дод. Бар асари таркиш масҷиде, ки дар наздикии ин маҳал қарор дошт, хисорот дид. Таркиши мазкур дар паи он рӯй дод, ки рӯзи панҷшанбе дар паи силсилаи ҳамлаҳои ҷангиёни вобаста ба Толибон дар шаҳри дуюми бузургтарини Покистон – Лоҳур ва дар шимолу ғарби ин кишвар ҳудудан 40 нафар ҷони худро аз даст доданд. Дар давоми ду ҳафтаи ахир дар Покистон дар паи ҳамлаҳои ҷангиён беш аз 150 нафар кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG