Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сайфиддинов - барандаи нишони тиллои таэквон-до


Дар мусобиқаҳои 16-уми ҷаҳонӣ оид ба таэквон-до дар Санкт-Петербург варзишгари тоҷик Далер Сайфиддинов барандаи нишони тиллои сабқат шуд. Дар даври ниҳоии мусобиқа Сайфиддинов бо таэквондочии чех Ян Марек дар вазни 78-кило вориди мусобиқа шуда ӯро мағлуб кард. Далер Сайфиддинов дар гузашта ҳам барандаи мусобиқаҳои зиёди байналмилалӣ ва нишонҳии тилло шудааст. Мунтахаби таэквод-дои Тоҷикистон дар ҷаҳон баъди муассисони бозӣ - кореягиҳо аз тавонотарин варзишгарон дар ин ришта маҳсуб мешаванд.
XS
SM
MD
LG