Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷустуҷӯи гурӯҳи мусаллаҳ ҳанӯз натиҷа надодааст


Интерфакс хабар медиҳад, ки марзбонони қирғиз ҷустуҷӯи гурӯҳи эҳтимолии мусаллаҳеро идома медиҳанд, ки шаби панҷшанбе ба ҷумъа тавассути хоки Тоҷикистон ба вилояти Боткан ворид шуданд. Марзбонон мегӯянд, ки гурӯҳи иборат аз ҳудудан 10 нафар аз марз убур карда ба ҷониби марзбонон оташ кушод ва баъдан дар хоки Қирғизистон пинҳон шуд. “Ҷустуҷӯҳо ҳанӯз натиҷа надодааст”, - гуфт як манбаъ дар нирӯҳои марзбонии Қирғизистон ба хабарнигори ин оҷонс.
Рӯзи панҷшанбе масъулини марзбонии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо таъйиди хабари убури марз кардани гурӯҳи мусаллаҳе вале аз тавзеҳи ҳуввияти ин афрод худдорӣ карданд.
XS
SM
MD
LG