Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастаи наврасони Тоҷикистон – дар финали Ҷоми Осиё-2010


Дар маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш» дар бораи бозиҳои сабқати интихобии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон, ки ба марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё байни футболбозони то 16-сола роҳхат гирифт, нақл мекунем.

Футболбозони ҷавон тоҷик дар сабқати гурӯҳи «В», ки дар варзишгоҳи Дашрати пойтахти Непал – шаҳри Катманду барпо гашт, дар се бозӣ бар дастаҳои Баҳрайн бо ҳисоби 2:0, Лубнон бо ҳисоби 3:0 ва Непал бо ҳисоби 4:0 пирӯз шуда, як бозиро бо тими Эрон бо натиҷаи мусовӣ ва бидуни гол анҷом доданд. Бад-ин тартиб дастаҳои Эрону Тоҷикистон натоиҷи мушобеҳ - 10-имтиёзӣ, 3 ғалабагӣ ба даст оварда, як бозиро мусовӣ карданд ва таносуби тӯбҳояшон низ якхела 9-0 мебошад. Азбаски дастаи наврасони Эрон дар ҷараёни бозиҳои сабқати интихобӣ нисбат ба Тоҷикистон як корти зард камтар гирифтааст, ғолиби гурӯҳ шуд. Тоҷикистон ҷои дуввумро касб кард. Ҳамин тариқ, дастаҳои Эрону Тоҷикистон ба марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қитъавӣ роҳ ёфтанд. Дар ин барнома мусоҳибаи мо бо Зоир Бобоев, сармураббии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон, роҷеъ ба вазъи кунунии футбол дар кишвар, ба таваҷҷӯҳи шунавандагон пешкаш мешавад.

Дар мактаби варзишии бачагону наврасони шаҳри Конибодом ҳудуди 400 нафар аз рӯи 7 навъи варзиш – баскетболу волейбол, бокс, гуштии озод, карате, тенниси рӯи миз ва футбол тамрин мекунанд. Ба наврасон нозукиҳои ин риштаҳои варзишро 15 мураббӣ меомӯзонанд. Меҳмони барномаи мо Абдурауф Аҳмадов, мудири қисми таълимии ин мактаби варзишӣ.

Инчунин дар ин барнома ба шунавандагон хабарҳои варзиши ҷаҳонӣ пешкаш мешаванд:

Жак Рогге дар иҷлосияи 121-уми Кумитаи байнулмилалии олимпӣ дар шаҳри Копенгагени Дания барои севумин бор президенти ин кумита интихоб шуд. Жак Роггеи белгиягӣ ба муддати чаҳор соли дигар дар ин вазифа кор мекунад. Ба тарафдории ӯ 88 нафар аъзои кумита раъй доданд ва танҳо як нафар зид овоз дод. Жак Рогге барои аввалин бор соли 2001 дар иҷлосияи Кумитаи байнулмилалии олимпӣ дар шаҳри Маскав президенти ин кумита интихоб шуда, дар ин вазифа Хуан Антонио Самаранчи испаниягиро иваз карда буд.

Дар иҷлосияи 121-уми Кумитаи байнулмилалии олимпӣ дар Копенгаген голф ва регби-7 ба барномаи Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дохил шуданд. Дар Олимпиадаи соли 2016, ки дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия доир хоҳад шуд, 28 навъи варзиш шомил гаштанд.

Кумитаи байнулмилалии олимпӣ ба нақша гирифтааст, ки дар Олимпиадаи зимистонаи соли 2010 дар шаҳри Ванкувери Канада ва дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2012 дар шаҳри Лондони Инглистон миллиард доллар даромад хоҳад кард. Ба бӯҳрони молӣ нигоҳ накарда, Кумитаи байнулмилалии олимпӣ умедвор аст, ки то Олимпиадаи Ванкувер бо се ширкати бузург қарордоди сарпарастӣ ба тасвиб расонад. Сарвари комиссиюни маркетингии Кумитаи байнулмилалии олимпӣ Герхард Хейберг иброз дошт, ки Кумита қарордодҳои пешинро бо як қатор сарпарастон азнав баррасӣ карда, 9 қарордод ба маблағи умумии 883 миллион доллар ба имзо расондааст.

Мухлисони варзиш! Барои шунидани барнома ишораи аудио дар тарафи рости болои саҳифаро пахш кунед.
XS
SM
MD
LG