Пайвандҳои дастрасӣ

Душанбе-1 – қаҳрамони чавгонбозии Тоҷикистон


Дастаи аввали шаҳри Душанбе қаҳрамони чавгонбозии Тоҷикистон байни мардон гардид.

Дар мусобиқаи имсола, ки дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, шаш дастаи мардона аз манотиқи мухталифи кишвар ширкат карданд.

Дар бозии ниҳоӣ дастаи аввали Душанбе бар мунтахаби дуввуми пойтахти кишвар бо ҳисоби 6:3 пирӯз шуд.

Дастаи мунтахаби вилояти Хатлон, қаҳрамони порсолаи Тоҷикистон, ки бар дастаи аввали Хуҷанд бо ҳисоби 3:2 ғалаба кард, ҷои севумро касб намуд.

Ин мусобиқа барои дастаи мунтахаби Тоҷикистон як давраи омодагӣ ба мусобиқаи қаҳрамонии чавгонбозии Осиё, ки моҳи ноябр дар Чин баргузор мешавад, маҳсуб мешуд.
XS
SM
MD
LG