Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
“Кормандони мақомоти дохилӣ хабар доданд, ки дар як ҷо дуздӣ шудааст ва моро ҳам сафарбар карданд. Дуздон як гурӯҳ будаанд ва мо бо кӯмаки кормандони милиса тавонистем ин гурӯҳро дастгир кунем ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ аз мо хеле миннатдор шуданд ва гуфтанд, ки бе шумо мо 2 нафар дар ин минтақаи калон аз ӯҳдаи ин кор баромада наметавонистем.”

Баҳром Зафаршоев, омӯзгори собиқадори яке аз донишгоҳҳои кишвар аз хотираҳои замони донишҷӯӣ ва фаъолияташ дар дастаи ихтиёриёни донишгоҳ қисса мекард. Ба гуфтаи вай, он замон онҳо аз донишгоҳ фориғ ва барои кӯмак ба кормандони милиса ва пешгирии ҷинояткориҳо сафарбар мешудаанд.

Ҳамакнун, вакилони парлумони Тоҷикистон ҳам бо пешнависи қонун дар бораи иштироки шаҳрвандон дар тартиботи ҷамъиятӣ мехоҳанд чунин дастаҳои ихтиёриён, ки замоне миёни сокинон, ба хусус ҷавонон, маъруф буд, дубора фаъол шавад. Абдусаттор Раҷабов, вакили мардумӣ ва яке аз муаллифони тарҳи қонуни ҷадид, мегӯяд, бо афзун шудани чорабиниҳои мухталифи оммавӣ ва афзоиши ҷинояткорӣ милиса ба кӯмаки шаҳрвандон ҳам ниёз пайдо кардааст. Ба гуфтаи вай, қонун дар бораи милиса ҳам кормандони дигар соҳаҳоро муваззаф кардааст, то дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ кӯмак кунанд, вале ширкати онҳо то кунун чашмрас набудааст. Оқои Раҷабов гуфт, ҳамакнун ба қабули як чунин қонуни махсус зарурат ба миён омадааст:
«Ҳамчунин, мо дар ин қонун пешниҳод кардем, ки мактабҳои таҷрибаи касбомӯзӣ барои донишгоҳҳои мактабҳои олӣ таъсис дода шавад. Ба хусус барои донишҷӯёни факултаҳои ҳуқуқшиносӣ. Он имконият медиҳад, ки донишҷӯён ба ин дружинаҳо шомил гашта, дар якҷоягӣ бо кормандони мақомоти дохилӣ дониши назариявии худро дар амал татбиқ намоянд.»

Муаллифони қонун роҷеъ ба иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ бештар ба ҷавонон ба вижа муҳассилин такя мекунанд. Тибқи қонун аъзои дастаҳои ихтиёриён вобаста ба имконот бояд аз ҳисоби худи муассисаҳо ва ба роҳҳои мухталиф, аз ҷумла додани ифтихорномаву мукофотҳои пулӣ ҷалб карда шаванд.

Аммо аксарият ба пуррагӣ амалӣ шудани ин қонун ва ҳозир шудани донишҷӯён барои ширкат дар ин гуна чорабиниҳои ҷамъиятиро, ба таври ихтиёрӣ ва ройгон чандон имконпазир намедонанд. Баҳром Зафаршоев мегӯяд, шароити муҳассилини замони Шӯравӣ аз шароити кунунии ҷавонон ба куллӣ фарқ мекунад ва ба қавли ӯ, ҷавони имрӯзро, ки ба мушкилоти зиёд мувоҷеҳ аст, танҳо бо роҳи ҳавасмандгардонии молӣ мешавад ба ҳайси ихтиёрӣ ҷалб кард.

Аз мушаххас нашудани тарзи ҳавасмандкунии ихтиёриён дар қонуни ҷадид Юсуфҷон Аҳмадов, вакили дигари парлумони Тоҷикистон, изҳори норозигӣ карда, тарҳи ин қонунро чандон комил наҳисобид. Ба қавли ӯ, қонуни мазкур кафолати ҷуброни зиён ба ихтиёринро, ки тибқи муқаррарот дар баробари корманди милиса бояд фаъолият кардаву, дар пешгирии ҷиноятҳо иштирок кунад, мушаххас накардааст. Юсуф Аҳмадов афзуд.
«Якумаш, навишта шудааст дар қонун, ки давлат ҳимояи ҳуқуқӣ ва иҷтимоии аъзои дастаҳои ихтиёриро кафолат медиҳад, аммо чӣ хел кафолат медиҳад, дар қонун гуфта нашудааст. Коркуни мақомоти корҳои дохилӣ аз ҳисоби давлат суғурта шудааст, аммо аъзои дастаҳои ихтиёриён аслан суғурта нашудаанд. Ман пешниҳод кардам, ки онҳо аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ суғурта шаванд. Гуфта намешавад, мумкин онҳо низ захмӣ мешаванд ва зарар мебинанд.»

Дар маҷмӯъ, Юсуф Аҳмадов ва аксар мусоҳибонам аз иқдоми ташкилу дубора зинда кардани ДНД ва ё дастаҳои ихтиёриён ва кӯмак ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон ҷонибдорӣ мекунанд. Ба қавли онҳо, дар сурати ҳавасмандкунии молӣ ва фаъол кардани чунин дастаҳо метавон масъулияти ҷавононро нисбати нигаҳдории тартиботи ҷамъиятӣ бештар ва дониши ҳуқуқии онҳоро афзун кард.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG