Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода дар бозии мавқуфмондаи даври 13-уми мусобиқаи қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон дар майдони худ бар тими «Равшан»-и Кӯлоб бо ҳисоби бузурги 6:1 пирӯз шуд.

Дар ин бозӣ Мансур Ҳакимов (дақиқаҳои 19-ум ва 58-ум) ва Бахтиёр Ҳасанов (30-юм ва 43-юм) дуголӣ, Сардорбек Эминов (26-ум) ва Ҷамшед Исмоилов (60-ум) якголӣ ба самар расонданд.
Як голи меҳмононро Шералӣ Азизов (дақ. 80-ум) зад.

То анҷоми мусобиқа се давр мондааст. Мубориза барои унвони қаҳрамонӣ ва медалҳо байни чаҳор дастаи пешсаф хеле пуршиддат хоҳад шуд. Ҳоло «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо 37 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа дар ҷои аввал мебошад. «Вахш» низ 37 имтиёз дорад. Вале таносуби тӯбҳои «Хуҷанд» беҳтар аст. Бинобар ин «Вахш» зинаи дуввумро касб кардааст. «Регар» ТадАЗ бо 35 имтиёз дар ҷои севум ва «Истиқлол» бо 30 имтиёз дар ҷои чаҳорум қарор гирифтаанд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа то 17-уми октябр:

Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1.

«Хуҷанд»

15

12

1

2

32-8

37

2.

«Вахш»

15

12

1

2

36-14

37

3.

«Регар» ТадАЗ

15

11

2

2

36-11

35

4.

«Истиқлол»

15

9

3

3

30-15

30

5.

«Энергетик»

15

7

2

6

34-24

23

6.

«Парвоз»

15

5

4

6

20-21

19

7.

«Равшан»

15

4

2

9

22-33

14

8.

«Гвардия»

15

2

2

11

10-45

8

9.

«Спитамен»

15

1

3

11

9-35

6

10.

CСKA «Помир»

15

1

2

12

12-35

5


Беҳтарин голзанҳо: Нӯъмон Ҳакимов («Вахш») – 15 гол, Сӯҳроб Ҳамидов («Энергетик») – 12 гол, Пирмурод Бурҳонов («Хуҷанд») ва Юсуф Рабиев («Истиқлол») – 9-голӣ.

Бозиҳои даври 16-ум:
17-уми октябр – «Парвоз» - ССКА «Помир», «Равшан» - «Вахш», «Истиқлол» - «Хуҷанд», 18-уми октябр – «Спитамен» - «Энергетик», «Регар» ТадАЗ – «Гвардия».
XS
SM
MD
LG