Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СПАД зӯри бозувонашро намоиш медиҳад


Даври ниҳоии тамринҳои низомии Нерӯҳои вокуниши сареи Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ мавсум ба “Ҳамоҳангӣ-2009” рӯзи ҷумъа дар тамрингоҳи “Матибулоқ”-и вилояти Ҷамбул, воқеъ дар ҷануби Қазоқистон, баргузор хоҳад шуд.

Ин машқҳоро, ки дар он беш аз 7 ҳазор низомиён ва зиреҳпӯшу чархболу ҳавопаймоҳои низомӣ ширкат мекунанд, сарони аксар кишварҳои узви Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ назорат хоҳанд кард. Ба иттилои хабаргузориҳо, қарор аст субҳи рӯзи ҷумъа руасои ҷумҳуриҳои Русия, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон барои назорати тамринҳо ба Матибулоқ бираванд.

Ва аммо ҳузури раисиҷумҳури Белорус Александр Лукашенко то ҳол таъйид нашудааст ва аллакай рушан аст, ки раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов дар назорати машқҳои низомӣ ширкат нахоҳад дошт ҳамчунон, ки нерӯҳои ин кишвар аз ширкат дар ду даври пешини машқҳои ин созмон дар Русия ва Белорус сарпечӣ карда буданд ва дар даври ниҳоӣ дар Қазоқистон низ ҳузур нахоҳанд дошт.

Аллакай равшан аст, ки раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов дар назорати машқҳои низомӣ ширкат нахоҳад дошт ҳамчунон, ки нерӯҳои ин кишвар аз ширкат дар ду даври пешини машқҳои ин созмон сарпечӣ карда буданд ...
Тасмим дар мавриди ташкили нерӯҳои вокуниши сареъ моҳи феврали соли равон дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ дар Маскав гирифта шуд. Ҳадаф аз таъсиси ин нерӯҳо посухи сазовор ба ҳамлаҳои низомӣ ба кишварҳои узв, таҳдиди терроризм, ҷинояткории муташаккил ва қочоқи маводи мухадир эълон шуд.

Ба гуфтаи коршиноси масоили низомӣ Павел Фелгенгауэр, нерӯҳои вокуниши сареъи СПАД дар пайравӣ ба ҳамин гуна нерӯҳои НАТО ва Иттиҳодияи Аврупо таъсис шуданд, яъне ин гурӯҳҳои низомӣ дар кишварҳои худ мустақар хоҳанд буд ва дар сурати зарурӣ амалиёти муштарак доир хоҳанд кард.

Узбакистон ва Белорус бо далелҳои гуногун аз аввал ба таъсиси ин нерӯҳо мухолиф буданд ва Александр Лукашенко ва Ислом Каримов зери созиш имзо нагузоштанд. Раҳбари Белорус, ки кишвараш вориди низоъи марбут ба содироти маҳсулоти ширӣ бо Русия буд, ба Маскав наомад ва баъдан бидуни ӯ имзо шудани созишро шадидан танқид кард.

Раисиҷумҳури Узбакистон бошад, ба навиштаи расонаҳои Русия, барои ширкати кишвараш дар таъсиси нерӯҳои муштарак чаҳор шарт гузошт. Қабл аз ҳама, ба иддаои Тошканд, корбасти ин нерӯҳо бояд зимни ризоияти умумӣ гирифта шавад, на бо аксарияти одии раъйҳо. Шарти дуввуми Узбакистон ин буд, нерӯҳои кишваре, ки қонунгузорияш инро манъ мекунад, ба кишвари дигар интиқол дода нашаванд.

Тошканд ҳамчунин хост, ки ширкати ин нерӯҳо дар ҳалли низоъ миёни аъзои созмон мамнӯъ бошад. Ва чаҳорум шарти Ислом Каримов марбут ба он буд, ки созишнома бояд фақат баъд аз тасвиб дар кишварҳои муассис ҳукми қонунро пайдо кунад.

Се моҳ баъд аз имзои созиш аз сӯи аксар дабири кулли Паймони амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжа ба Тошканд сафар кард, то дар гуфтугӯ бо Ислом Каримов ӯро ба пазириши созишнома мойил кунад. Аммо сарвари Узбакистон Бордюжаро ба ҳузур напазируфт.

Ба гуфтаи коршиносон, таъсиси нерӯҳои вокуниши сареъ фақат барои Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ зарур аст. Тавассути ин нерӯҳо сарони кишварҳои ОМ қудрати худро нигаҳ медоранд, аз ошубҳои мардумӣ ва инқилобҳои, ба истилоҳ, ранга ҷилавгирӣ мекунанд, Русия бошад ба ҳампаймонҳои низомӣ ниёз дорад, ки дар сурати такрори ҳаводисе чун ҳодисаҳои моҳи августи соли гузашта дар Осетияи ҷанубӣ ва Гурҷистон ба онҳо такя кунад.

Ба Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ ҳафт кишвари собиқ шӯравӣ - Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон шомиланд. Созишномаи амнияти дастаҷамъӣ миёни ин кишварҳо соли 1992 имзо шуда буд. Баъд аз даҳ сол дар пояи ин созиш созмони байнулмилалӣ таъсис гардид.

Гуфта мешавад, ки ба нерӯҳои зудамали СПАД панҷ баталёни Русия, дубаталёнӣ аз Тоҷикистону Қазоқистон, як баталён аз Қирғизистон ва ҳамчунин пойгоҳи низомии Русия мустақар дар Канти канори Бишкек шомиланд.
XS
SM
MD
LG