Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаробоғи Кӯҳӣ пас аз 20 соли "истиқлол"


Ҷавонони хушвақти шаҳри Степанакерт - пойтахти Қаробоғи Кӯҳӣ
Ҷавонони хушвақти шаҳри Степанакерт - пойтахти Қаробоғи Кӯҳӣ

Ҳафтаи ҷорӣ, ки дар сархати ахбори ҷаҳон ҳамчун ҳамоиши дипломатии давлатҳои Арманистону Туркия сабт шуда, ширкати президент Серж Саркисян дар сабқати футболи дастаҳои ду кишвар дар Бурса бо даъвати Абдуллоҳ Гул таваҷҷӯҳи зиёди ҷаҳониёнро ба худ кашидааст.

Баъди қариб сад соли хусумату душманӣ ниҳоят раҳбарони ду давлат қадамҳои аввали худро дар самти барқарории равобит ба истиқболи ҳам мегузоранд ва дипломатияи футбол ҳам як баҳонаҳое барои эҷоди ҳусни тафоҳуми миёни ду кишвар арзёбӣ мешавад.

Дар пешорӯи ин сана як ҳамкори мо дар радиои Озодӣ Браян Витмоо аз минтақа, ба вижа аз вазъи Қаробоғи кӯҳӣ, як ҷумҳурии ҷудоиталаби арманитабор дар ҳайати Озарбойҷон дидан кард.

Аслан ин ҳамкори мо дар Қафқози ҷанубӣ даҳ рӯзро сипарӣ карда аз Озарбойҷону Гурҷистон ва Арманистон дидан кард ва ҳудудан чаҳор рӯзро дар Қаробоғи кӯҳӣ гузаронд. Ҳоло мо имконияти хубе дорем, ки таасуроти Браян Витморро аз сафар ба Қаробоғи Кӯҳӣ ва муҳимтарин мушоҳидаҳои хотирмони ӯ бифаҳмем. Вай дар оғоз гуфт, ки барои роҳ ёфтан ба Қаробоғ барояш зарур шуд дар вазорати хориҷаи Озарбойҷон сабти ном шуда иҷозаи вуруд ба хоки Қаробоғро аз он ҷо бигирад.

Вай мегӯяд, “як чизи ҷолибе, ки ман ҳангоми боздид аз Степанакерт дарёфтам, ин қаноатмандии беҳадди мардум аз мақоми номуайяни ҷумҳурии Қаробоғи Кӯҳӣ буд. Бо инзивое, ки онҳо ба сар мебаранд ва имкониятҳои маҳдуди сафар, ки доранд, вале аз вазъи феълии худ мардум қаноатманд ҳастанд. Як чизи тааҷҷубовари дигар барои ман ин шабоҳати вазъи Қаробоғ бо минтақаи Абхозистон буд. Эҳсоси ман ин буд, ки ман ба Иттиҳоди Шӯравӣ баргаштам, вале шӯравии даврони хуб, ки дар филмҳои солҳои 1960-ум дидан мумкин аст. Ҳама ҷо тозаву озода, бонизом, мутобиқи қонун буд, дар ҳоле, ки дигар манотиқи Қафқоз мисле ки дар як шароити бенизомӣ ба сар мебарад”.

Суол: - Дар сӯҳбатҳои шумо бо ҷавонҳо зиёд шунидан мумкин буд, ки онҳо Қаробоғро – давлати худ меномиданд.

Браян Витмор: “Бале, онҳо мегӯянд, мо ҷумҳурӣ ҳастем, ва дар масъалаи мақоми ояндаи ин минтақа онҳо мегӯянд, ки чизе барои баррасӣ кардан дар ин масъала намондааст. Онҳо мегӯянд, ки мавқеи онҳо мушаххас аст, мо мустақил ҳастем. Назаре, ки ба ҷонибдории ҳамзистӣ бо Озарбойҷон баён шуда бошад, хеле ва хеле кам буд, яъне назари истисноӣ буд, ки ба гӯш мерасид. Баръакс, дар миёни насли ҷавон онҳое бештар ҳастанд, ки эҳсоси хеле баланди ватандӯстӣ доранд, чунки ҳамсоли Қаробоғ мебошанд”.

Суол: - Вале аз рӯи нигарониҳои созмонҳои байнӯлмилалӣ, дар баробари мушкилоти дигар ё пайомадҳои фаровони баъди ҷанги оғози солҳои 1990-ум дар Қаробоғ масъалаи беҷошудаҳо ё мардуми бехонаву сарсоншуда як мушкили ҷиддӣ боқӣ мемонад. Дар бораи вазъи ин мардум чӣ гуфта метавонед?

Браян Витмор: “Шумори умумии мардуми беҷошуда дар Қаробоғ ва атрофи он, тибқи омори расмии озарбойҷон дар ҳудуди 700 ҳазор, ва тибқи ҳисобҳои СММ 600 ҳазор нафар аст. Онҳо дар маконҳои мухталифи Озарбойҷон зиндагӣ мекунанд, баъзеи онҳоро ман дар хобгоҳҳои Боку дидам, ки дар шароити фавқулодда бад зиндагӣ мекунанд. Гоҳо мебинед, ки барои чандсад оила дар як маҳалла фақат як ҳоҷатхона амал мекунаду тамом. Ва шумо тасаввур намекунед, ки чӣ андоза хашму ғазаби ин мардум баланд аст, бахусус вақте онҳо ба хонаҳои ободи мардуми дигар нигоҳ мекунанд, ман тасаввур мекунам, ки чӣ андоза норизоияти онҳо зиёд аст. Аз тарафи дигар, вақте шумо наслҳои мухталифро муқоиса мекунед, мебинед, ки тафовути насли ҷавону калонсол то куҷо зиёд аст. Бузургсолҳо замонҳои хубро ёд доранд, ки чӣ гуна бо озариҳо ҳамзистӣ мекарданд ва аммо на ҳама ҷавонҳои имрӯза озариҳои зиндаро дар умри худ ҳадди аққал як бор дидаанд. Тасаввур мекунед? Яъне ин чиз хеле хатарнок аст. Ман ростӣ гуфта наметавонам, ки агар онҳо дар ҳамсоягӣ зиндагиро шурӯъ кунанд, чӣ мешуда бошад”.

Суол: - Ва оё бо таҳаввулоти ахир дар равобити миёни Туркияву Арманистон, бо талошҳои раҳбарони давлатҳо барои барқарор кадани равобити дипломатии миёни онҳо ҷавонҳои Қаробоғ умеди неке барои дигар шудани вазъ доранд?

Браян Витмор: “Онҳо аз ин ҳама ҷумбишҳо ҳам умед доранд ва ҳам як зарра тарсу нигаронӣ. Онҳо мефаҳманд, ки бо боз шудани марзҳо имкониятҳои онҳо фаротар хоҳад шуд ва орзуи ҷавонҳои зиёд барои ҳамоиш бо бахши дигари ҷаҳон бароварда хоҳад шуд. Вале аз сӯи дигар, мардуми Қаробоғ эҳсос мекунанд, ки дар фазо як бӯи тағйирот ба машом мерасад. Аҷибаш ин ки мақомот ҳам дар Боку ва ҳам Степанакент ҳарос доранд, ки мабодо Еревану Анкара дар паси онҳо коре накунанд, ки бар зарари инҳо анҷом шавад. Бахусус қаробоғиҳо ҳарос доранд, ки дар сиёсатҳои бузург боз ҳам мавриди муомила қарор мегиранду Арманистон ба онҳо хиёнат хоҳад кард. Яъне ҷонибҳо ба ҳам бовар надоранд ва вазъият хеле номуайян асту пешгӯӣ кардани он кори сахт аст”.

XS
SM
MD
LG