Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷилавгирӣ аз қочоқи кокаин ба Аврупо


Маъмурони амниятии Сербистон ва Амрико зимни як амалиёти муштарак 2 тоннаву 800 кило кокаинро кашфу забт кардаанд, ки қочоқбарон мехостаанд дар бозорҳои аврупоӣ бифурӯшанд. Расонаҳои Сербистон бо такя ба иттилоъи Шӯрои Амнияти Милли ин кишвар навиштаанд, ки киштии ҳомили маводи мухаддир дар қаламравҳои байналмилалии обӣ дар Уқёнуси Атлантик боздошт шудааст. Арзиши ин миқдори кокаинро 120 миллион евро гуфтаанд. Ба иттилоъи рӯзномаи “Блиц”- Белград, афроди дастгиршуда дар кишт ва дар худи Сербистон аксарият шаҳрвандони ин кишвар будаанд. Ба гуфтаи маъмурони амниятии Амрико, қочоқбарон Сербистонро ба ҳайси як маркази транзити кокаини Амрикои Ҷанубӣ ба кишварҳои аврупоӣ истифода мекунанд.
XS
SM
MD
LG