Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бӯҳрон як миллиард нафарро гурусна кардааст


Бино ба гузориши СММ, барои нахустин бор аз соли 1975 инҷониб шумори гуруснагон дар ҷаҳон беш аз як миллиард нафарро ташкил додааст.


Ба назар мерасад, ки ин хабари нохуш ҳамчун ришханде ба барномаи рушди ҳазорсолаи СММ аст, ки як ҳадафи он рафъи камбизоатӣ то соли 2015 будааст.

Дар гузориш, ки онро Созмони озуқа ва кишоварзӣ (ФАО) ва Барномаи ҷаҳонии озуқа таҳия намудаанд, омадааст, ки бӯҳрони ҷаҳонии молӣ сабаби афзоиши бесобиқаи теъдоди гуруснагон дар якуним соли ахир шудааст. Дар гузориш инчунин омадааст, ин нишондодҳо дар солҳои қаблӣ пайваста афзоиш меёфт, аммо на бо чунин суръати баланд, ки ҳоло мушоҳида мешавад.

Созмонҳои ҳуқуқи башар ҳушдор медиҳанд, ки танҳо дар Нигерия дастикам 2 миллиону 600 ҳазор нафар бинобар сабаби боришоти кам ва хушксолӣ бо бӯҳрони озуқа рӯбарӯ шудаанд.

Иқтисодшиносони Созмони озуқа ва кишоварзии СММ даъват мекунанд, ки ба соҳаи кишоварзии кишварҳои дар ҳоли рушд сармоягузории фаврӣ карда шавад. Ба иттилои онҳо, аз солҳои 1980 кӯмак ва сармоягузорӣ ба бахши кишоварзӣ рӯз ба рӯз коҳиш меёбад. Соли 1980-ум 17 дарсади кумаки кишварҳои сармоягузор ба бахши кишоварзӣ равона мешуд, аммо соли 2006 ин нишондод фақат 3,8 фоизро ташкил додааст.

Ба тахмини муассисаи кишоварзии Созмони Милал, барои таъмини аҳолии афзоишёбандаи курраи Замин бо озуқа истеҳсоли кунунии хӯрока бояд ба 70 дарсад бештар шавад.

Аммо як саволи муҳими дигар ин аст, ки оё ин ҳадафи воқеист? Мутахассисон аз иҷро шудани ин ҳадаф шубҳа доранд, зеро захираҳои об кам шудааст, заминҳои серҳосили кишоварзӣ мавриди истифода мебошанд ва тағйири иқлим сабаби ғайри қобили истифода шудани баъзе аз заминҳои васеи кишт шудааст.
XS
SM
MD
LG