Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аъзои нави Шӯрои Амният интихоб шуд


Бразилия, Нигерия, Габон, Лубнон ва Босния дирӯз ба ҳайси аъзои ғайридоимии Шӯрои Амнияти Созмони Милал барои солҳои 2010 то 2011 интихоб шуданд. Алӣ Трикӣ - раиси Маҷмаъи умумии Созмони Милал, ки 192 узв дорад, гуфт, ин панҷ кишвар дар Шӯрои Амнияти 15 узвӣ, аз рӯзи якуми январ ҷойгузини Коста Рика, Либия, Уганда, Ветнам ва Хорватия мешаванд, ки маъмурияти дусолаи онҳо рӯзи 31 декабр хотима меёбад. Шӯрои Амният, муҳимтарин ниҳоди тасмимгири Созмони Милал, ки бар изофаи аъзои ғайридоимӣ, панҷ аъзои доимӣ дорад, ба шумули Бритониё, Фаронса, Амрико ва Чину Русия, ки ҳаққи веторо соҳибанд.
XS
SM
MD
LG