Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳамлаҳо дар Покистон беш аз 30 кас кушта шуданд


Бар асари як инфиҷор дар шаҳри Пешовар як тифл ба ҳалокат расида, чандин нафар маҷрӯҳ шуданд. Дар шаҳри Лоҳур, воқеъ дар шарқи кишвар бошад, ҳамла ба се бинои мақомоти ҳифзи тартибот мунҷар ба ҳалокати 18 нафар гардид. Аз ин пеш дар шаҳри Кохат, воқеъ дар шимолу ғарби Покистон як маргталаб мошини ҳомили маводи таркандаро дар канори қароргоҳи полис инфиҷор кард, ки бар асари он 8 нафар кушта шуданд. Дар Вазиристони шимолӣ бошад, бар асари ҳамлаи ҳавопаймои бидуни сарнишини амрикоӣ 4 мусаллаҳи мухолифи ҳукумат ба ҳалокат расиданд. Имрӯз бар асари ҳамлаҳои гуногун дар Покистон, дар маҷмӯъ, беш аз 30 нафар ба ҳалокат расиданд.
Раҳмон Малик, вазири умури дохилаи Покистон, изҳор намуд, ки мусаллаҳони мухолифи ҳукумат ҷанги партизаниро шурӯъ кардаанд ва аммо ин барои идомаи амалиёти нерӯҳои ҳукуматӣ дар Вазиристони ҷанубӣ монеъа эҷод нахоҳад кард.
XS
SM
MD
LG