Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркманистон барқро ба Тоҷикистон арзонтар мефурӯшад


Туркманистон дар мавсими тирамоҳу зимистони ҷорӣ нерӯи барқи худро ба Тоҷикистон бо қиммати ду сент барои як киловатт-соат мефурӯшад, ки назар ба соли гузашта як сент арзонтар аст. Дар ин бора раиси пешини ширкати “Барқи тоҷик” ва раиси феълии нерӯгоҳи Норак Шарифхон Самиев ба хабаргузории Азия плюс хабар додааст. Ӯ гуфтааст, ки мувофиқа дар ин бора дар ҷараёни сафари кории раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба Ишқобод ва дидору гуфтугӯяш бо мақомоти олии Туркманистон рӯзҳои 9 ва 10 октябри соли равон ҳосил шудааст.
XS
SM
MD
LG