Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Чаро вазирон боздошт намешаванд?


Фаттоҳ Саидов, роҳбари Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бар зидди фасод

Фаттоҳ Саидов, роҳбари Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бар зидди фасод

Фаттоҳ Саидов, роҳбари Ожонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бар зидди фасод, мегӯяд, давоми нӯҳ моҳи соли ҷорӣ 677 ҷинояти марбут ба фасод , аз ҷумла 115 ҳолати ришватситонӣ аз ҷониби мақомоти давлатӣ ошкор шудааст.

Ин мақоми зидди фасод мегӯяд, сарфи назар аз аз афкори умум дар мавриди заъфи ожонсӣ дар бархурд бо мақомоти фасодкор, ин ниход тавонистааст 100 мансабдорро бо иттиҳоми фасодкорӣ боздошт кунад.

Ба гуфтаи Фаттоҳ Саидов, ба рӯйхати мансабдороне, ки бо ҷурми фасодкорӣ боздошт шудаанд, 2 сарҳанг, 2 ноиби сарҳанг ва 1 майори раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилӣ шомил шудаанд ва баъзе онхо ҳукми зиндон гирифтаанд.


Генерал Абдулло Ҳабибов, собиқ ноиби вазири дифои Тоҷикистон, мегӯяд, ки ҳарчанд аз таъсисёбии ожонсӣ муддати кофӣ гузаштааст, боз ҳам ин ниҳод ҳанӯз натавонистааст даст доштани ягон вазири баландпояи давлатӣ ба фасодро ошкор кунад. Боздошти танҳо сардорони раёсат ва ё кормандони поёнии соҳаи маориф, тиб ва сохторҳои қудратӣ ба маъное нест, ки авзоъ ба самти хубӣ тағйир карда бошад.

Абдулло Ҳабибов афзуд, ки бо назардошти ваъдаи қавии раҳбарияти нави ожонсӣ интизор мерафт, ягон вазири фасодкор дастгир шавад, аммо ин тавр нашуд. Вай мегӯяд, ин вазъ баёнгари он аст, ки ожонсӣ натавонист волоияти қонун дар ҷомеаро ба роҳ монад ва бо мубориза алайҳи мақомоти сатҳи поину миёна иктифо кардааст.

Таҳлилгари тоҷик Раҷаби Мирзо мегӯяд, ин ҳол аз мавқеи номуайяни ҳукумат ба боздошти вазирон ва раҳбарони баланпоя маншаъ мегирад ва эҳтимолан боздошти мақомоти сатҳи баланд аз салоҳиятҳои ожонсӣ нест.

У мегӯяд, «аввал мегуфтанд, ки боздошти вазирон гӯё ба амнияти давлат хатар дошта бошад. Ва баъдан назари роҳбари ожонсӣ ин буд, ки боздошти вазирон кори хеле мушкил аст, зеро вазирон ва муовинони онҳо худ бевосита пора намегиранд».

Раҷаби Мирзо афзуд, ки барои коҳиши фасодкории мақомот танҳо таъсиси як ожонсӣ кофӣ нест, муҳим он аст, ки ин ниҳод барои боздошти мақомоти баландпоя аз раҳбарияти кишвар дастур гирифтааст ё не?

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG