Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талоши Бонки Миллӣ барои бозгардони эътимод


Сандуқи байнулмилалии асъор бар иловаи ҳама ёриҳои молии имсол ба Тоҷикистон ироакардааш, боз 130 миллион доллар қарзи имтиёздорро дар ихтиёри Бонки Миллӣ қарор додааст.

Шариф Раҳимзода, раиси Бонки Миллӣ, имрӯз дар як нишасти хабарӣ дар ин бора иттилоъ дод ва гуфт, фоизи ин қарзи имтиёздор дар сол 0,45 фоизро ташкил медиҳад. Вай гуфт, ин маблағ дар ҳисоби СБА аст ва ҳар гоҳе ба БМ лозим шуд, ин пулро дарёфт хоҳад кард.

Раиси БМ ин иқдоми СБА-ро ба он рабт дод, ки Тоҷикистон дар қиёс бо дигар кишварҳо дар бахши бонкӣ ва сиёсати молӣ бештар ислоҳот ворид кардааст. Раиси БМ гуфт, баргузории аудити фаъолияти бонк дар соли 2008 ва 2009 аз сӯи як ширкати хориҷӣ натиҷаи ҳамин ислоҳот аст, ки рӯзи душанбе баргузор хоҳад шуд. Ӯ гуфт, онҳо талош доранд, ба ин васила мавриди эътимоди созмонҳои байнулмилалии сармоягузор қарор бигиранд.

Доллар чанд аст?

Ӯ ҳамчунин гуфт, захираи арзу тиллои БМ ба 330 миллион доллар расидааст ва қурби пули миллӣ дар муқобили доллар босубот аст ва аз ин ба баъд Бонки Миллӣ нахоҳад гузошт, ки доллар дар муқобили сомонӣ арзон шавад, зеро ин ба нафъи тоҷири ватанӣ нест.

Вай гуфт, онҳо ҳамарӯза аз мардум то 500 ҳазор доллар харидорӣ мекунанд, то қурби доллар поин наравад. Ин дар ҳолест, ки дар чанд рӯзи ахир қиммати як доллар аз 4 сомониву 45 дирам то 4 сомониву 38 дирам поин омадааст.

Ба гуфтаи раиси БМ, арзиши воқеъии доллар дар ҳоли ҳозир аз ин ҳам поинтар аст.

Пули муҳоҷирон кам шуд

Ба гуфтаи раиси БМ, тӯли 9 моҳу 10 рӯзи ахир аз сӯи муҳоҷирони корӣ беш аз як миллиарду сесаду панҷоҳ миллион доллар ба Тоҷикистон ворид шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 35,5 дарсад кам аст.

Ӯ гуфт, дар интиқоли пул ҳаҷми рубли русӣ афзудааст ва барои ба Русия интиқол додани наздик ба 450 миллион рубле, ки дар захираи бонк ҳаст, ба мушкил рубару ҳастанд, зеро бар асоси қонунҳои Русия, ба давлати Русия барои интиқол ва дигар масориф маблағ бояд пардохт кунанд.

Патент лозим нест?

Ба гуфтаи Шариф Раҳимзода, мизони таваррум дар 9 моҳ 4 дарсадро ташкил додааст. Ин рақам, ба гуфтаи раиси БМ, ки дар 9 моҳ бештар аз соли гузашта пули нақд ба муомилот гузошта шудааст, муғойират дорад. Ин дар ҳолест, ки буҷа дар 9 моҳ иҷро нашудааст ва рушди иқтисод дар Тоҷикистон аз 1 фоиз боло нест.

Шариф Раҳимзода ба ин суоли Радиои Озодӣ ба номукаммалии ҳисоби молӣ ва комил набудани сиёсати андозбандӣ истинод кард ва аз шакли андозбандии патентӣ интиқоди шадид кард. Вай гуфт, патент ин марбут ба давраи беназмӣ ё ҷанг аст ва имрӯз бояд аз патент даст кашид, зеро ин шакли андозбандӣ фасоди молиро афзоиш медиҳад.

Вале академик Нуриддин Қаюмов, далели поин омадани таваррумро на талошҳои Бонки миллӣ ва ниҳодҳои иқтисодии давлат хонд, балки ба гуфтаи вай, ин натиҷаи бӯҳрони саросарӣ ва поин омадани қиммати колоҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ аст.

Ипотека ва пасандозҳои Шӯравӣ чӣ?

Раиси БМ дар ин нишасти матбуотӣ дар бораи масоили муҳим, аз ҷумлаи ипотека ва саҳми бонкҳо дар сохтмони манозили маскунӣ, ҳамчунин баргардондани пасандози мардум, ки дар замони Шӯравӣ дар бонкҳои Тоҷикистон амонат гузошта буданд, иттилоъ надод.

Ин дар ҳолест, ки ин масъала дар ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ то андозае ҳалли худро ёфтааст ва мардум батадриҷ пулҳои ба амонатгузоштаи худро ба даст овардаанд.

Бо вуҷуди ин, раиси БМ гуфт, дар ин авохир амонатҳо ба бонкҳо афзоиш ёфтааст ва мардум ба бонкҳои Тоҷикистон эътимод пайдо кардаанд.
XS
SM
MD
LG