Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эълони ҳукми эъдоми боз се нафар дар Урумчӣ


Дар Чин боз се нафар бо иттиҳоми содир кардани ҷиноёти сангин ҳангоми нооромиҳо дар вилояти Шинҷону Уйғур маҳкум ба эъдом шуданд. Додгоҳи шаҳри Урумчӣ се нафари дигарро шартан ба эъдом маҳкум кард, яъне, тайи ду соли оянда ин ҳукм метавонад ба ҳабси абад табдил шавад. Аз ин пеш бо ҳамин гуна иттиҳом шаш шафар маҳкум ба қатл шуда буданд.
Моҳи июли соли равон тазоҳуроти уйғурҳо дар шаҳри Урумчӣ ба бархурди онҳо бо чиноиҳо печид. Бар асари саркӯбшавии тазоҳурот тақрибан 200 нафар ба ҳалокат расиданд. Кормандони полис ҳамчунин садҳо нафар, асосан, уйғурҳоро бо иттиҳоми ширкат дар ин тазоҳурот боздошт карданд.
XS
SM
MD
LG