Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди гуруснагон дар олам афзоиш ёфтааст


Теъдоди афроди мубтало ба гуруснагӣ дар ҷаҳон аз марзи як миллиард нафар убур кард. Ба иттилоъи Барномаи ҷаҳонии озуқаи Созмони Милали Муттаҳид тайи як соли ахир, теъдоди ин афрод сад миллион нафар афзоиш ёфтааст. Ин гуна афзоиши теъдоди гуруснагонро масъулини ин ниҳоди СММ бо бӯҳрони озуқа ва пойин рафтани сатҳи иқтисоди ҷаҳон марбут мекунанд. Як тан аз раҳбарони созмони озуқа ва кишоварзии СММ Дэвид Дейв мегӯяд, ки “мо наметавонем боз 20 соли дигар сармоягузории бузург ба бахши кишоварзиро интизор шавем”. Ӯ афзуд, ки “мо бояд ҳамин ҳоло тавассути пули нақд, озуқа ваё сармоягузории мустақим барои боло бурдани тавлидоти кишоварзон талош кунем”.
XS
SM
MD
LG