Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳаёти тоҷикони Қирғизистон


Дар яке аз шумораҳои рӯзномаи «Вечерний Бишкек» гузорише ба табъ расида буд, ки ҳаёти тоҷикони бумии Қирғизистонро баррасӣ мекард.

Ба навиштаи муаллифи гузориш, тоҷикони бумии ин кишвар дар қисмати ҷануби Қирғизистон дастаҷамъона ба сар мебаранд. Муаллиф афзудааст, вале дар шаҳри Бишкек ва вилояти Чуй тоҷиктабороне сукунат ихтиёр кардаанд, ки аз минтақаи ҷануб барои зиндагии доимӣ кӯч бастаанд. Шумораи ин тоҷиктаборон аз ҳисоби муҳоҷироне афзудааст, ки дар солҳои нооромиҳои Тоҷикистон ба ин кишвар омадаанд, вале дар ҳамин ҳол теъдоди ин хонаводаҳо бештар аз панҷоҳ ададро ташкил мекунад.

Мавлонҷон Абдураззоқов, муовини раиси тоҷикони ноҳияи Қадамҷои вилояти Ботканд, тайи як сӯҳбати ихтисосӣ бо радиои Озодӣ гуфт, ки беш аз 70 дарсади сокинони тоҷиктабори Қирғизистон дар ҷамоати Учқӯрғони ин ноҳия ба сар мебаранд. «Дар аксари деҳоти ҷамоати Учқӯрғони ноҳияи Қадамҷо тоҷикон зиндагӣ мекунанд. Деҳаҳои Тоҷикқишлоқ, Йӯлбон, Қалъача, Қақир, Сӯҳона, Палмон беш аз 25 ҳазор тоҷиконро ҷову макон додааст, аммо боз деҳаҳое ҳастанд, ки дар он тоҷикон якҷо бо қирғизҳову ӯзбакҳо ба зиндагии осуда машғуланд. Ин деҳаҳо Пакана ва Балақиш ном доранд. Тавре ки дар баъзе маълумотҳои таърихӣ омадааст, мардум чанд аср пеш ба ду соҳили рӯди Исфайрам муҳоҷир шудаанд. Мувофиқи баъзе маълумотҳои таърихӣ сокинони деҳаи Йӯлбони ҷамоати Учқӯрғон нисбат ба бошандагони деҳаи дигари ин ҷамоат пештар омадаанд ва ба тиҷорат машғул шудаанд. Баъд ба ин ҷо сокинони қишлоқи ҳозираи Тоҷикқишлоқ муҳоҷир шуда, онҳо ба боғпарвариву зироаткорӣ ва чорводорӣ шуғл варзидаанд».

Бояд тазаккур дод, ки шеваи гуфтори бошандагони деҳаҳои ҷамоати Учқӯрғони ноҳияи Қадамҷо аз ҳам фарқ мекунад. Ба гуфтаи Мавлонҷон Абдураззоқов, мардум бо ду лаҳҷа озод сӯҳбат карда метавонанд. Вай меафзояд, ки омезиш ёфтани соҳибони ду лаҳҷаи тоҷикӣ, ба ҳамдигар духтар додаву арӯс гирифтани онҳо ба хусус дар солҳои замони шӯравии собиқ ва замони ба истиқлолият расидани Қирғизистон суръати худро афзудааст.

Ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, дар бораи шеваи гуфтори мардуми ҷамоати Учқӯрғон зикри ҳамин нукта бамаврид аст, ки мардум ду лаҳҷаи тоҷикиро мавриди истифода қарор додааст. Вай меафзояд, якеро шеваи самарқандӣ ва дигареро шеваи мардуми Кӯлобу Ғарм меноманд ва қариб ҳамаи учқӯрғониҳо бо ҳамдигар бо ин ду лаҳҷа озодона мулоқот карда метавонад.

Таъкиди ин нукта низ ҷоиз аст, ки беҳбуди робитаҳои фарҳангии Қирғизистон бо Тоҷикистон ба мактабу маорифи тоҷикии ин кишвар бетаъсир намондааст. Ин ҳол ба он сабаб шудааст, ки фарзандони мардуми тоҷиктабори Қирғизистон дубора озими Хуҷанду Душанбе шаванд ва таҳсилоти олиро дар донишгоҳҳои ин ду шаҳр идома диҳанд. Гуфта мешавад, фақат дар ду соли ахир афзоиши синфҳои тоҷикии Қирғизистон аз шаш ба даҳ адад зиёд шуд, ки ҳамчунин аз худшиносии миллии тоҷикони ин кишвари ҳамҷавори Тоҷикистон шаҳодат хоҳад дод.

Таърихи Учқӯрғон аз тарафи муҳаққиқон ба риштаи таҳқиқ кашида нашудааст ва солҳои зиёд аст, ки мардуми ин ҷамоат, ки зикрашро кардем, беш аз 25 ҳазор нафарро ташкил мекунад, вале бостоншиносону таърихнигорон чанд даҳсолаҳо ба ин сӯ дар ин минтақа корҳои пажӯҳишӣ набурдаанд. Ба гуфтаи Мавлонҷон Абдураззоқов, агар олимони тоҷик низ ба таҳқиқи ин масъала таваҷҷӯҳ мекарданд ва ба баъзе саҳифаҳои ҳаёти тоҷикони Учқӯрғон рушанӣ меандохтанд, нур болои нур мешуд.

Вай меафзояд, таърихи Учқӯрғон бояд бештару беҳтар омӯхта шавад, таҳқиқ карда шавад, то ки наслҳои ояндаи мардуми он донанд, ки авлодонашон аз кадом минтақаи Осиёи Миёна ба он ҷо муҳоҷир шудаанд. Ҳамчунин таҳқиқи шахсиятҳои табаррук, олимон ва фузало низ хеле манфиатбахш аст, зеро маълум хоҳад шуд, ки аз онҳо чӣ меросе боқӣ мондааст. Мавлонҷон Абдураззоқов гуфт, мақолаҳои илмии муаллифони зиёдро бояд гирдоварӣ кард, ки баъзе тарафҳои ҳаёти мардуми тоҷиктабори Қирғизистонро баррасӣ кардаанд. Ба гуфтаи ӯ, ин кор низ аҳамияти калонро касб хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG