Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифтитоҳи парванда аз рӯи таркиш дар Кишинёв


Мақомоти Молдова дар робита ба таркиши норинҷак дар маркази Кишинёв парвандаи ҷиноӣ боз карданд. Таркиш дар маркази пойтахти Молдова шоми чаҳоршанбе дар ҳоле рух дод, ки даҳҳо ҳазор нафар дар консерти идона бахшида ба Рӯзи шаҳр ҷамъ омада буданд. Бар асари инфиҷор беш аз 40 нафар ҷароҳат бардоштаанд. 37 нафари онҳо ба бемористон интиқол дода шудаанд. Ба иттилоъи табибон, бештари маҷрӯҳон ҷавононанд, вазъи чаҳор нафари онҳо нисбатан сангинтар аст. Ба думболи ин афроди номаълум ба сарвазири Молдова Влад Филат таҳдиди куштан карданд. Виктор Катан, вазири умури дохилаи Молдова, имрӯз дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки ҳадаф аз ин ҳамла тарсонидани мардум буд. Айни ҳол ҷустуҷӯи муҷрими ҳодиса идома дорад. Имрӯз ҳамчунин як мард дар канори бинои Додситонии кулли Молдова таҳдид кард, ки агар писарашро раҳо накунанд, ӯ худро бо истифода аз норинҷак метарконад. Баъд аз чанд муддат ӯ ба кормандони ҳифзи тартибот таслим шуд.
XS
SM
MD
LG