Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти беш аз сад тоҷири собиқи бозори Черкизово


Дар Маскав беш аз сад тан аз тоҷирони собиқи бозори минтақаи Черкизово боздошт шуданд. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ раиси иттиҳодияи касабаи соҳибкорони ин бозор Леонид Развозжаев хабар дод ва афзуд, ки боздоштшудагонро дар се автобус ва микроавтобуси “Газел” ба шӯъбаи милиса интиқол доданд. Мақомоти ҳифзи тартибот дар сӯҳбат бо хабаргузории “Интерфакс” иттилоъи боздошти тоҷирони собиқро таъйид карданд ва аммо теъдоди онҳоро “аз 15 то 30 нафар” гуфтаанд.
Имрӯз мӯҳлати семоҳаи аз сӯи додгоҳ мутаваққиф шудани кори бузургтарин бозори Маскав поён ёфт ва садҳо тоҷирони собиқ дар канори бозор ҷамъ омада, хостори боз кардани он шуданд. Бозори “Черкизово” охирҳои моҳи июни соли равон баъди он баста шуд, ки додситонӣ дар анборҳои он ба маблағи беш аз 2 миллиард доллар молу колои қочоқиро ошкор намуд. Бар асари баста шудани бозор беш аз 45 ҳазор нафар, аз ҷумла, ҳазорҳо муҳоҷирони тоҷик, бекор монданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG