Пайвандҳои дастрасӣ

Эмомалӣ Раҳмон машқҳои низомиро назорат мекунад


Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз бо як сафари корӣ вориди Қазоқистон мешавад. Ба иттилоъи расмӣ, сафари сарвари Тоҷикистон бо баргузории тамринҳои низомии Нерӯҳои вокуниши сареъи Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ бастагӣ дорад. Эмомалӣ Раҳмон раванди машқҳои “Ҳамоҳангӣ-2009”-ро дар тамрингоҳи “Матибулоқ”, воқеъ дар ҷануби Қазоқистон, назорат хоҳад кард. Бахши ниҳоии ин машқҳо авоили моҳ шурӯъ шуд ва дар он беш аз 7 ҳазор низомиён ширкат доранд.
Тасмим дар бораи таъсиси Нерӯҳои вокуниши сареъ дар ҳайати Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ моҳи феврали соли равон дар нишасти Паймон дар шаҳри Маскав гирифта шуда буд. Зери ин созиш раисиҷумҳури Узбакистон имзо нагузоштааст ва нерӯҳои ин кишвар дар тамринҳои ин нерӯҳо дар Қазоқистон ширкат надоранд. Ба Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон шомиланд.
XS
SM
MD
LG