Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи пурқурбонӣ дар Лоҳур


Дар шаҳри Лоҳур, воқеъ дар шарқи Покистон, бар асари ҳамла ба се қароргоҳи мақомоти ҳифзи тартибот 18 нафар ба ҳалокат расиданд. Раҳмон Малик, вазири умури дохилаи Покистон, изҳор намуд, ки мусаллаҳони мухолифи ҳукумат ҷанги партизаниро шурӯъ кардаанд ва аммо ин барои идомаи амалиёти нерӯҳои ҳукуматӣ дар Вазиристони ҷанубӣ монеъа эҷод нахоҳад кард.
Аз ин пеш дар шимолу ғарби Покистон як маргталаб мошини ҳомили маводи таркандаро дар канори қароргоҳи полис инфиҷор кард, ки мунҷар ба ҳалокати 8 нафар гардид. Дар Вазиристони шимолӣ бошад, бар асари ҳамлаи ҳавопаймои бидуни сарнишини амрикоӣ 4 мусаллаҳи мухолифи ҳукумат кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG