Пайвандҳои дастрасӣ

Вақте журналистон хомӯшанд, наворбардор «ба ҳуҷум мегузарад»

Наворбардори телевизиони «Сафина» Нуралишо Хайруллоев ба далели берун по гузоштан аз ҳадди ваколатҳои хидматӣ аз кор ронда шуд.

Ба бекор мондани наворбардор луқмапартоиаш дар ҷараёни нишасти матбуотӣ ба суханони сардори раёсати оҷонсии назорати маводи нашъадор дар Бадахшон дар ҷараёни нишасти матбуотӣ сабаб шуд. Ҳамакнун, собиқ наворбардор аз ҷониби масъулини раёсати корҳои дохила ва раёсати оҷонсӣ, ки дар нишаст ширкат варзиданд, ҳамчунин ба он муттаҳам гардидааст, ки дар ҷарёни нишасти матбуотӣ дар ҳолати сархушӣ ҳузур дошта, ҳаракатҳои берун аз меъёрҳои ахлоқӣ зоҳир кардааст.

Аммо, ба гуфтаи наворбардор, аз як тараф ба худсафедкунӣ пардохтани сардори раёсати оҷонсӣ ба интиқод аз фаъолияти камранги ниҳод дар мубориза бар зидди қочоқ ва фурӯши маводи мухаддир, ва аз тарафи дигар хомӯш нишастани журналистон ӯро ғайриихтиёр ба майдони баҳс ворид сохтааст.

Сардори раёсати оҷонсӣ сабабҳои қариб ба таври ошкоро фаъолият кардани нуқтаҳои фурӯши нашъаро дар шаҳру навоҳӣ ба ҳамкорӣ накардани мардум бо мақомот рабт дод, аммо ба эътирози наворбардор рубару шуд, ки гуфт, вақте кормандони оҷонсӣ муваззаф ҳастанд ва пул мегиранд, оё мардум бояд аз гиребони қочоқбар ва нашъафурӯш гирифта, ба маҳкама кашанд?

Шикояти мақомот дар ҳоле садо медиҳад, ки бо ташаббуси сохторҳои шаҳрвандӣ бар зидди мухаддирот таблиғоти густарда оғоз шуда, ахиран байни онҳо ва мақомот дар мавриди ҳамоҳанг сохтани фаъолият дар ин самт созишнома ба имзо расидааст.

Як наворбардори дигари шабакаҳои телевизионии марказӣ дар минтақа, ки нахост номаш зикр шавад, дар робита бо ин қазия рафтори ҳамтояшро аз нигоҳи меъёрҳои ахлоқӣ ва касбӣ нодуруст хонда, гуфт, агар вокуниш ба суханони сардори раёсати оҷонсӣ аз даҳони журналистон садо медод, кор ба моҷаро байни масъулини сохторҳои қудратӣ ва наворбардор анҷом намешуд.

Таърифи фаъолият – ба ҷои намоиши воқеият

Ба гуфтаи ин наворбардор, сафари онҳо ба Бадахшон умдатан на ба хотири пайгирӣ кардан ва бозгӯ намудани мушкилоти ҷомеа, балки тарғиби фаъолияти мақомоти маҳаллӣ сурат мегирад. Вай баён дошт, ки аз лаҳзаи ҳозир шудан дар маркази ноҳия васоити нақлиётиро дар ихтиёрашон қарор медиҳад ва ба иншооте мебаранд, ки аз назари мақомот сиёсати созандаи ҳукумати ҷумҳурӣ бо сарвари президенти кишварро бозгӯ мекунад ва бояд тариқи оинаи нилгун манзури тамошобинон шавад.

Ба гуфтаи наворбардор, муносибати мақомот ба шабакаҳо чун воситаи таблиғотӣ боис мешавад, ки мушкилоти мухталиф дар канор монда, дар барномаҳои ахбор аз маҳалҳо дар бештари маворид масъулини мақомот худро ва фаъолияти худро ба намоиш мегузоранд.

Ба гуфтаи ин наворбардор, агарчанде қалбаш аз риоя нашудани адолати иҷтимоӣ лабрез шудааст, аммо боз ҳам маҷбур ҳаст, ки хомӯш бошад, зеро вай чун наворбардор ҳуқуқ надорад, ки забон барорад.

Вале муҳаррири «Садои Бадахшон» Сафармо Буттабекова, муносибати рӯякии масъулини мақомот ба нишастҳои матбуотиро сабаби ҳавсала нишон надодан ва ба даҳон «об» гирифтани журналистон мешуморад.

Ба фикри журналист ва шоир Хушомади Алидод, дар Бадахшон ҳанӯз журналистикаи фаъол ташаккул наёфтааст ва баргузории нишастҳои матбуотии дилгиркунандаро яке аз нишонаҳои он мешуморад. Вай адами ҳавасмандии моддиву маънавӣ ва нашрияҳои озодро дар минтақа сабаби мавҷудияти журналистикаи ғайрифаъол дар минтақа медонад.

Гулбаҳор Раҳмонқулова, хабарнигори ҷавони рӯзномаи вилоятии «Бадахшон», мегӯяд, журналист як шахси эҷодкор ва ҷустуҷукунанда аст, аммо вайро бетафовутии ҳамтоёнаш дар Бадахшон нисбат ба ҳодисаву воқеъаҳо ба ҳайрат гузоштааст. Ба гуфтаи Гулбаҳор, журналистон беҳаракатии худро бо он сафед кардани мешаванд, ки кӯшишҳояшон наметавонанд ба ҷомеа таъсир дошта бошанд.

Ба гуфтаи хабарнигори телевизиони Бадахшон Улфатмо Бахталиева, агарчанде сенсор расман аз байн рафтааст, аммо дар амал эҳсос мешавад ва журналистон берун аз хатти машъи роҳбарият по гузошта наметавонанд.

Алҳол дар Бадахшон нишастҳои матбуотӣ ҷараён доранд, ки бештарашон бо ҳузури 4 ё 5 журналист баргузор мешаванд. Ба гуфтаи Хушомади Алидод, ба назар мерасад, ки журналистика на касб, балки торафт ба мӯд табдил мешавад, зеро танҳо дар нишасти матбуотӣ бо раиси вилоят толорро пуропури журналистон ва масъулини мақомот дидан мумкин аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG