Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари боздошти як корманди Додситонии кулли Тоҷикистон ҳангоми интиқоли беш аз 127 кило маводи мухаддир тасдиқ шуд.

Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар як гуфтугӯи телефонӣ ба радиои Озодӣ ин хабарро таъид кард. Ба гуфтаи масъулони Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, дар посгоҳи «Варзоб» дар канори шаҳри Душанбе барои бозрасӣ ҷипи тамғаи «Тойота Прадо» бо шумораи автомобилии вилояти Хатлон манъ карда мешавад. Ронанда дар посух ба тақозои боз кардани бағоч, шаҳодатномаи корманди додситониро нишон медиҳад, вале пас аз тақозои мукаррар аз маҳалли ҳодиса фирор мекунад. Пас аз таъқиб худравро бе ронанда пайдо мекунанд ва аз дохили он 119 кило тарёк, 9, 5 кило банг ва 8 кило ҳашиш дарёфт ва мусодира мешавад. Дар пайи амалиёти вижа, ронанда, ки шаҳодатномаи масъули назорати бахши додсиитонии кул дар умури ниҳодҳои амниятиро доштааст, боздошт мешавад. Вале афроди гумонбари дигар, ки ду нафар хонда мешаванд ва дар ин ҷиноят даст доранд, дар ҳоли ҷустуҷӯ қарор доранд.

Масъулони Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯянд, ҳарчанд дар мавриди боздошти як тан аз корманди ин ниҳод шунидаанд, аммо изҳори назаре намекунанд. Боздошти ин корманди Додситонии кулли Тоҷикистон ба гумони қочоқи маводи мухаддир дар ҳолест, ки як моҳе қабл як корманди дигари ин ниҳод ба ҳангоми гирифтани ҳазор доллари амрикоӣ ришва боздошт шудааст.

Ахиран Бобоҷон Бобохонов, додситони кулли Тоҷикистон эълом кард, ки «дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ тавассути кормандони ҳифзи ҳуқуқи ин кишвар 86 ҷиноятсодир шудааст. Ба гуфтаи Бобохонов, дар ин муддат умдатан ҷиноятҳои марбут ба берун шудан аз ҳадди ваколатҳои хидматӣ, сӯиистифода аз мансаб ва ришвахорӣ тавассути кормандони ҳифзи ҳуқуқ содир шудааст».

Бо он ки афзоиши мизони ҷинояткорӣ дар миёни кормандони ҳифзи ҳуқуқ на танҳо мояи масъулони давлатист, Абдулло Ҳабибов, коршиноси тоҷик, иллатҳои даст ба ҷинояткорӣ задании ниҳодҳои интизомӣ ва амниятиро чунин баршумурд, «баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ба сафи кормандони ҳифзи ҳуқуқ шахсони тасодуфӣ ворид шуд, ки қадри қонунро намедонанд ва ин омили афзоиши ҷинояткорӣ шудааст. Сабаби дигар он аст, ки дар солҳои ахир дар вазоратҳои қудратӣ нисбат ба касбияти кормандон, корҳҳои тарбиявӣ ва аҳамияти қонун иқдомоти муассире анҷом намегирад, ки дар ниҳоят ба ҷиноят корӣ дар миёни бархе аз кормандон сабаб мешавад».

Абдулло Ҳабибов яке аз сабабҳои дигари афзоиши сатҳи ҷинояткорӣ дар миёни кормандони ҳифзи ҳуқуқро дар поин будани маоши моҳонаи онҳо медонад. Зеро, ба гуфтаи Ҳабибов, маҳз мушкилоти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ бархе аз кормандони ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистонро водор мекунад, то даст ба ҷиноятҳои мухталиф, назири қочоқи маводи мухаддир ва ришвахорӣ бизананд. Ин дар ҳолест, ки тибқи омори расмӣ маоши моҳонаи кормандони ниҳодҳои интизомӣ дар ҳудуди то 500 сомониро ташкил медиҳад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG