Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикаст дар футбол, пирӯзӣ дар дипломатия


Туркия Арманистонро дар майдони футбол шикаст дод. Ин ҳодиса дар доираҳои варзишии ҷаҳон аҳамияти зиёд надошт, аммо дар саҳнаи сиёсати байнулмилалӣ аҳаммияташ бениҳоят бузург аст.

Серж Саркисян, раисҷумҳури Арманистон, барои дидани бозии дастаҳои мунтахаби Арманистону Туркия вориди шаҳри Бурса, воқеъ дар шимоли Туркия шуд. Соли гузашта раисҷумҳури Туркия Абдулло Гул бо нишони ҳусни ният дар Ереван бозии миёни ду кишварро тамошо карда буд. Ҳамин тавр миёни ду кишвари ҳамсоя “дипломатияи футболӣ” оғоз гардид ва ҳафтаи гузашта ин раванд бо истиқрори робитаҳои расмии дипломатӣ анҷомид. Қарор аст, таи ду моҳ Туркияву Арманистон марзҳоро барои рафту омади шаҳрвандонашон боз кунанд.

Бозиро шабакаҳои телевизионии ҳар ду кишвар мустақиман пахш мекард ва ҳангоме, ки бозигарони туркӣ голи нахустинро ба дарвозаи Арманистон заданд. Саркисян ҳамтои туркиашро табрик карда, дасташро фишурд. Бозӣ бо ҳисоби ду ба сифр ба нафъи Туркия анҷом шуд ва қабл аз оғози он баъзе мухлисони футбол дар майдони варзишӣ ҳамчун нишонаи сулҳ кабутарҳои сафедро ба ҳаво сар доданд. Баранда мухлисони футболро даъват кард, ба дастаи арманӣ меҳмондории суннатии туркиро намоиш диҳанд ва аз ҳуштаку ҳайҳуй ҳангоми иҷрои суруди миллии Арманистон худдорӣ намоянд.

Аммо аксари ин даъватҳоро тамошобинон нодида гирифтанд. Полис дар ҳолати омодабош майдони варзиширо зери иҳота гирифта буд. Аммо ба ин омодагиҳо нигоҳ накарда, автобусе, ки рӯзноманигорони арманиро ба макони бозӣ оварда буд, мавриди сангборон қарор гирифт. Тибқи хабарҳо, касе аз рӯзноманигорон ҷароҳате набардоштааст.

Қабл аз бозӣ Саркисян ва Гул якдигарро бо қадами ҷасурона табрик гуфта, таъкид доштанд, ки истиқрори робитаҳои дипломатии ин ду кишвар ба тамоми минтақаи Қавқоз таъсири мусбат хоҳад дошт. Дар бозӣ вазирони хориҷаи Туркия, Арманистон ва Швейтсария низ ҳузур доштанд.

Бо вуҷуди басташавии робитаҳои дипломатӣ, миёни ду кишвар баҳсҳои ҳалношудаи таърихӣ боқӣ мемонанд. Арманистон иддао дорад, ки туркони усмонӣ солҳои ҷанги аввали ҷаҳонӣ арманиҳои кишварро қатлӣ ом карданд, аммо Туркия инро қатъиян рад мекунад. Ҷонибҳо ба тавофуқ расиданд, ки барои омӯхтани ин мавзӯъ комиссияи муштарак таъсис медиҳанд. Дар арафаи баргузории бозӣ полиси Туркия чораҳои амниятиро тақвият дода буд. Ва нахуствазири Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон аз имкони рух додани амалҳои таҳрикдиҳанда ҳушдор дод.

Парлумонҳои ҳарду кишвар созишномаро ҳамаҷониба дастгирӣ карданд, аммо милатгароёни ҳарду давлат мухолифи онанд. Туркия гуфтааст, ҳафтаи оянда созишномаро барои тасвиб ба парлумон ироа хоҳад кард. Гуфта мешавад, созишнома танҳо бо миёнҷигии ИМА ба имзо расид. Як рӯз баъд аз ба имзо расидани созишнома Эрдуғон бори дигар аз Арманистон талаб намуд, ки артишашро аз минтақаи Қарабоғи Кӯҳӣ барорад. Озарбойҷони ҳамсоя созишнома миёни Арманистон ва Туркияро мавриди интиқод қарор дода гуфтааст, ки он низоъи Қарабоғро афзоиш медиҳад.
XS
SM
MD
LG