Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамла ба такягоҳи раҳбари Толибон


Мақомоти амниятии Покистон мегӯянд, як ҳавопаймои бидуни сарнишини Амрико бо партоби мушак дар вилояти Вазиристони Шимолии ҳаммарз бо Афғонистон дасти кам чаҳор нафарро куштааст. Бино ба гузоришҳо, ҳавопаймо субҳи имрӯз як қароргоҳи ҷангҷӯёнро дар маҳалли Данди Дерпахел дар вилояти мазкур ҳадаф гирифтааст. Ин маҳалро як такягоҳи аслии Ҷалолиддини Ҳаққонӣ - як раҳбари собиқадори Толибон, мегӯянд, ки дар ҳамлаҳо ба Афғонистон даст дорад. Нерӯҳои худи Покистон дар вилояти Вазиристони Ҷанубӣ ба зидди ҷангҷӯёни Толиб амалиёт анҷом медиҳанд, ки ин ҷангҷӯён дар чанд рӯзи ахир ҳамлаву харобкориҳоро афзоиш дода ва даҳҳо нафарро дар Покистон куштанд. Бино ба гузоришҳо, аз тарси даргирӣ миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва Толибон даҳҳо ҳазор мардуми осоишта аз ин минтақа фирор кардаанд.
XS
SM
MD
LG