Пайвандҳои дастрасӣ

Футболи "муфиди" Туркияву Арманистон


Раисони ҷумҳури Арманистону Туркия гуфтанд, ҳузури якҷояи онҳо дар бозии футболи тимҳои миллии ду кишвар, баёнгари пешрафт дар роҳи мусолиҳаи ин ду душмани дерина аст. Серж Саркисиён – раиси ҷумҳури Арманистон ва Абдуллоҳ Гул – раиси ҷумҳури Туркия, рӯзи чаҳоршанбе ҳамроҳ дар шаҳри Бурсаи Туркия рақобати тимҳои миллии ду кишварро тамошо карданд, ки бо ҳисоби 2 бар сифр бар нафъи мизбони бозӣ поён ёфт. Чанд рӯз пеш аз ин бозӣ Туркия ва Арманистон дар шаҳри Сюрихи Швейтсария санадеро барои азсаргирии равобити дипломатӣ ва боз кардани марзҳои ду кишвар имзо карданд. Серж Саркисиён гуфтааст, ки бозии мазкур нишон дод, ки ҳарду тараф ба пешрафтҳои зиёде ноил шудаанд. Абдуллоҳ Гул ҳам гуфтааст, ки бозии футбол намоёнгари талоши зиёди ду кишвар барои расидан ба оштӣ будааст.
XS
SM
MD
LG