Пайвандҳои дастрасӣ

Хорватия дар даҳлези Иттиҳодия Аврупо


Иттиҳодияи Аврупо мегӯяд, Хорватия дар сурати идомаи ислоҳот, метавонад, музокироти вуруд ба ин иттиҳодияро соли оянда хотима диҳад, аммо хоҳишмандони дигар аз ҷумла Туркия кори зиёде дигаре доранд, ки бояд анҷом диҳанд. Дар гузориши солона доир ба тавсиъаи Иттиҳодияи Авупо, омадааст, “агар Хорватия тамоми меъёрҳои муайяншударо саривақт иҷро кунад, музокирот бо он соли оянда ниҳоӣ хоҳад шуд.” Кумиссиёни Аврупо дар ин гузориш тавсия додааст, то барои пазируфтани Македония ба иттиҳодия музокирот бо он кишварро шурӯъ кунанд. Дар навбати худ аз Туркия хостаанд, ислоҳоти сиёсиву, иқтисодиро амиқтар бурда ва ҳуқуқи занону аққалиятҳои миллиро беҳбуд бахшад ва робитааш бо Қибрисро оддӣ кунад. Кумиссиёни Аврупо гуфтааст, довталабони дигари узвият ба Иттиҳодияи Аврупо, Сербистону, Албания, Босния, Черногория ва Косово дар ин замина пешрафтҳои ноҳамворе доштаанд.
XS
SM
MD
LG