Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Итминони хотири Амрико ба Покистон


Маҳмуд Қурайшӣ - вазири умури хориҷаи Покистон, хушбин аст, ки баҳсҳои доғ дар мавриди шартҳои Амрико барои кӯмаки молӣ ба Покистонро дар ватанаш фурӯкаш мекунад. Вакилони амрикоӣ тарҳи кӯмакҳои молии ҳафтуним миллиардоллариро барои Покистон тасвиб кардаанд, ки дар иваз аз ҳукумати он кишвар мехоҳад, алайҳи тундравон мубориза барад ва нагузорад, ки низомиён ба умури сиёсии Покистон дахолат кунанд. Ин шартҳоро артиш ва мухолифони ҳукумати Покистон дахолат ба умури дохилии кишварашон хондаанд. Аммо Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ баъди мулоқот бо муаллифони барномаи кӯмакӣ аз ҷумла сенатори амрикоӣ Ҷон Керрӣ гуфт, ки баъди бозгашт дар кишвараш хоҳад гуфт, ки барномаи кӯмаки молӣ равобити ду кишварро тақвият хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG