Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии стротежии Афғонистон дар ИМА


Барак Обама – раиси ҷумҳури Амрико, рӯзи чаҳоршанбе бори дигар стротежии ҳукуматаш дар қиболи Афғонистону Покистонро баррасӣ кард. Барак Обама гуфтааст, интизор дорад, "ҳафтаҳои наздик" доир ба сиёсатҳои ҷанг дар Афғонистон, аз ҷумла эъзоми даҳҳо ҳазор сарбози дигар ба он кишвар тасмим хоҳад гирифт. Бори панҷум аст, ки Барак Обама баъди оғози бознигарии стротежии Амрико дар қиболи Афғонистону Покистон ин масъаларо бо мушовирону мақомоти марбута баррасӣ мекунад. Мақомоти расмии Амрико мегӯянд, интизор меравад, ки то охири сол 68 ҳазор сарбози дигари Амрико ба Афғонистон фиристода шаванд, ки амри эъзоми 21 ҳазор нафари онҳоро Барак Обама аввали ҳамин сол содир карда буд.
XS
SM
MD
LG