Пайвандҳои дастрасӣ

СММ:Аз исҳоли дарунӣ соле 1,5 миллион кӯдак мемирад


Имрӯз Бунёди Кӯдакони СММ гуфт, ҳанӯз аз бемории исҳоли дарунӣ ё шикамрав соле дар ҷаҳон 1,5 миллион кӯдаки то синни панҷсола мефавтад. Ба ин сабаб имрӯз Бунёди Кӯдакони СММ ва Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт барои ҷилавгирӣ аз хатари бемории исҳол иҷрои барномаеро иборат аз 7 фасл оғоз кардаанд. Оливер Фонтейн-коршиноси Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт гуфт, сабаби тақрибан 18 дарсади маргу мири кӯдакони поинтар аз синни панҷсола исҳоли дарунӣ будааст, ки аз оби олуда ва инфекция ба вуҷуд меояд.
XS
SM
MD
LG