Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Буғумдард рӯ ба афзоиш овардааст


Мунавваршоҳ, як нафар сокини ноҳияи Рашт, чанд сол инҷониб аз бемории буғумдард, ба истилоҳ бруселёз, ранҷ мекашад. Вай аломатҳои ин бемориро чунин гуфт: «Пайвандҳои баданам дард мекунад. Хунук шавад дасту поят шох мешавад, роҳ гашта наметавонем. Намедонам чаро ин тавр шудем. Миёни гову мол бисёр будем. Табибон ҳам ҳаминро мегӯянд. Ҳоло ҳамаи хонаводаамон ҳамин хел бемор ҳастанд. Падарам хеле шуд ҳамин хел дасту пояш шох мешавад. Хонагиҳоямон тамоман роҳ гашта наметавонанд. Ҳамаашон хобанд.»

Имрӯз дар Тоҷикистон монанди Мунавваршоҳ беш аз 100 ҳазор нафар аз ин намуди беморӣ ранҷ мекашанд. Рӯзи 14-уми октябр намояндагони созмонҳои байнулмилалӣ, Вазорати беҳдошти Тоҷикистон, Хадамоти назорати байтории давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Душанбе атрофи шиддат гирифтани ин беморӣ дар кишварҳои собиқ Шуравӣ табодули назар карданд. Ҳозирин аз афзоиши бемории буғумдард дар кишварҳои собиқ Шӯравӣ изҳори нигаронӣ карда, пешниҳод намуданд, ки муоинаи чорвои хонагӣ ва маҳсулоти ширӣ беҳбуд ёбад. Зеро сабаби асосии ин бемори маҳз истеъмоли маҳсулоти чорвои хонагӣ ва нигоҳубини он мебошад.

Ба гуфти табибон, аломатҳои бемории бруселёз, дарди буғумҳо, яъне пайванди устухонҳои бадани инсон мебошад. Ин беморӣ одатан тавассути истеъмоли ширу гӯшти чорвои бемор ва ҳамчунин парвариши чорвои бемор ба инсон мегузарад. Гуфта мешавад, ки ин намуди беморӣ бештар дар минтақаҳои кӯҳистони кишвар хурӯҷ кардааст. Мутахассисон мегӯянд, тахминан аз сад дарсади аҳолии чорводор, онҳое ки дар хона гову гӯсфанд ва буз доранд, 90 дарсадаш ба ин беморӣ сироят шуда ва аз дасту подард азият мекашанд. Буғумдард якбора инсонро ба марг оварда намерасонад. Балки ин бемории дарозмӯҳлат буда, аз сабаби кам шудани масъунияти бадан инсонро маъюб мегардонад. Зани ҳомилаи гирифтори буғумдард метавонад кӯдакашро аз даст диҳад. Ин ҳолат дар чорво, гову гӯсфанд ва буз ҳам рух медихад. Марди мубталои бруселёз ҳам аз нуқтаи назари ҷинсӣ бо мушкилӣ мувоҷеҳ хоҳад шуд. Бемории мазкур табобатнашаванда буда, дарозмӯҳлат аст. Ин беморӣ аз одмаон ба ҳамдигар намегузарад. Балки аз модари бемор ба кӯдак мегузарад.

Ба гуфти Қосим Қурбонов, мутахассиси пешбари раёсати эпидомологии хадамоти назорати давлатии санитарӣ, бемории мазкур иммунитети баданро кам мекунад. Вазъи бемории бруселёз мутаносиб муташанниҷ нест, нисбат ба солҳои навадум, чун он вақт ваксинаҳои босифат роҳандозӣ намешуд. Солҳои охир сифати ваксинаҳо беҳтар шудааст, ва ин аст ки сатҳи он паст шуда истодааст. Тибқи руйхати Вазорати беҳдошт давоми сол беш аз 800 нафар бемор ба қайд гирифта шудааст.

Тибқи омори расмӣ, давоми нӯҳ моҳи соли ҷорӣ 280 сар гов ва 600 сар гӯсфанд бемори бруселёз ба қайд гирифта шудааст. Ва ҳар сол беш аз ҳазор нафар ба ин беморӣ гирифтор мешаванд.

Муллоҷон Амирбеков, сардори хадамоти назорати давлатии байтори мегӯяд, ин беморӣ баъди пошхӯрии Шӯравӣ афзоиш ёфт. Давраи Шӯравӣ ташхиси чорвои хонагӣ хуб ба роҳ монда шуда буд, ҳамзамон маҳсулоти ширӣ ва гӯшти хуб коркард мешуд. Вале баъди Шӯрави ин тадбирҳо қариб ки аз байн рафтанд. Мутахассиси соҳа меафзояд, бояд назоратро аз болои ба фурӯш баровардани маҳсулоти ширӣ пурзур кард. Ҳамзамон, дар минтақаҳои кӯҳистон, ки асосан мардум ба парвариши чорвои хонагӣ машғул аст, барномаи коҳиш додани сатҳи бемории бруселёзро ҷоннок кардан даркор. Оғои Амрибеков афзуд: «Имрӯз мутаассифона шумораи истеҳсолкунандагони ширу қаймоқ, фурӯшандаҳои яхмос ҳам зиёд шуда истодааст. Ҳамаи инро назорат кардан душвор аст. Аз ҳамин лиҳоз, бемории бруселёз рӯ ба афзоиш овардааст. Ин ҳолат худи ташкилотҳои хориҷиро ба ташвиш овардааст».

Аҳмад ал-Идрисӣ, намояндаи Ташкилоти озуқаи СММ, дар ин нишаст гуфт, ягона роҳи пешгирии ин беморӣ ва ҳифзи саломатии инсонҳо - муборизаи ваксинӣ дар чорвои хонагӣ мебошад. Ҳамзамон, татбиқи дурнамои барномаи рушди стратегии бруселёз дар Осиёи Марказӣ аз зарфияти мутахассисини байторӣ вобастагии калон дорад. Дар ин нишаст намояндаи Озорбойҷон Ғолиб Абдуалиев гуфт, аз 9 миллион аҳолии кишвараш беш аз 1 миллионаш гирифтори бемории бруселёз мебошад. Ва ин беморӣ асосан аз чорвои майда ба одамон гузаштааст.

Соли 2009 СММ барои паст кардани сатҳи ин беморӣ дар Тоҷикистон ҳудуди ним миллион доллар маблағгузорӣ кардааст. Ва аз ҳисоби буҷаи давлат ҳудуди 40 ҳазор доллар сарф шудааст. Дар ҳоле ки тибқи омори расмӣ солона дар Тоҷикистон то 2 ҳазор нафар мубталоёни бемории мазкур ба қайд гирифта мешавад, аммо мутахассисон мегӯянд, теъдоди беморон аз 100 ҳазор зиёд буда, имкони ба қайд гирифтани ҳамаи беморон мавҷуд нест. Иштирокчиён тасмим гирифтаанд, ки бо дастгирии молии Ташкилоти озуқаи СММ дар ҳамкорӣ бо мақомоти марбутаи давлатӣ барномаи зидди бруселёз то соли 2010 дар минтақаҳои кӯҳистони Тоҷикистон идома дода мешавад. Ва беҳтарин роҳи пешгирии ин намуди беморӣ - чорвои хонагиро ҳар сол аз ташхиси байторон гузаронидан зарур аст.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG