Пайвандҳои дастрасӣ

Вуруди Саркисян ба Туркия ё "дипломатияи футбол"


Имрӯз Серж Саркисян-раиси ҷумҳури Арманистон барои ширкат дар бозии дастаҳои мунтахаби Арманистону Туркия вориди шаҳри Бурса, воқеъ дар шимоли Туркия шуд. Абдуллоҳ Гул ва Серж Саркисян-руасои ҷамоҳири Туркия ва Арманистон умедворанд, ки ин тадбир қадами дигаре дар роҳи оддӣ сохтани муносиботи хасмонаи ҷонибҳо бошад. Рӯзи шанбе ҳайатҳои ду ҷониб дар шаҳри Зуихи Шветсария аҳдномаи барқарории равобити дипломатӣ имзо карданд. Тибқи ин аҳднома ҷонибҳо марзҳоро бар рӯи якдигар боз мекунанд. Дастаҳои футболи ҳар ду кишвар имкони роҳ ёфтан ба даври ниҳоии бозиҳои ҷоми ҷаҳониро надоранд, вале ин бозӣ "дипломатияи футбол" ном гирифтааст. Соли гузашта раиси ҷумҳури Туркия дар Ереван дар бозии миёни ду кишвар ширкат карда буд. Серж Саркисян баъд аз имзои аҳдномаи ҷонибҳо нахустин раҳбари Арманистон аст, ки дар чаҳорчубаи тадбири дуҷониба аз Тукия боздид мекунад.
XS
SM
MD
LG