Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯзи 14-уми октябр нархи хариду фурӯши тилло дар бозорҳои ҷаҳонӣ ба болотарин нуқтаи худ расид.

Имрӯз, як унс тилло, ки тақрибан баробар бо 30 грамм аст, бо нархи 1 070 доллар ба фурӯш рафт, ки он то ба ҳол болотарин нарх дониста мешавад. Вале ин танҳо колое нест, ки нархи он дар бозорҳои ҷаҳонӣ боло рафтааст. Нархи нафт низ соли ҷорӣ 60 дарсад боло рафт ва ҳоло як бушкаи он 75 доллар аст. Нархи филизоти дигари гаронбаҳо, масалан платина ё тиллои сафед ва палладиум низ ба болотарин нархи худ расидаст. Нархи мис дар соли ҷорӣ ду баробар боло рафт. Какао дар 20 соли ахир ба нархи кунунӣ нарасида буд. Аз соли 1981 ба ин сӯ нархи қанд ё шакар низ ба болотарин нуқтаи худ расидааст.

Таҳлилгарон ду омилро сабаби чунин болоравии нархҳо медонанд. Яке поинравии арзиши доллар ва дигарӣ умедворӣ ба беҳбуди вазъи иқтисодӣ, иқтисоде, ки дар даҳсолаҳои ахир ба чунин вазъ рӯ ба рӯ нашуда буд. Умедвориҳо бад-ин маъност, ки сармоягузорон бо харидории дороиҳои долларӣ дар муқобили тӯфони бӯҳрон барои худ сарпаноҳ дуруст карданд ва ҳоло хеле умедворанд, ки бозгашти бузург дар пеш аст.

Аз сӯи дигар, таҳлилгарон дар бораи нигарониҳои ниҳонӣ сӯҳбат мекунанд, зеро ҳукумати Амрико барои наҷоти молӣ ё барқарории иқтисод маблағҳои ҳангуфтро вориди муомилот кард, то ба таварруми пул ё поин рафтани арзиши пул хотима гузорад. Соли ҷорӣ доллари амрикоӣ дар баробари пули воҳиди Аврупо, яъне евро дар поинтарин нуқтаи худ аст ва ҳоло як евро 1 доллару 48 сент фурӯхта мешавад. Ба ин далел на доллар, балки тилло ва соири филизоти гаронбаҳо таваҷҷуҳи сармоягузоронро ҷалб кардааст.

Дар Бразилия ва Ҳиндустон, ки кишварҳои аслии парвариши найшакар ба шумор мераванд, ба сабаби вазъи бади обу ҳаво ҳосили хуб ба даст наомад. Ба ҳамин далел, нархи маҳсулоти хоми найшакар 25 дарсад боло рафт. Какао низ ҳамин сарнавиштро дорад. Гузашта аз ин, дар Бразилия ҳосили мазореъи найшакарро барои тавлиди бензини рустанӣ ё этанол истифода карданд.

Мусобиқаи болоравии нархҳо ба филизот низ иртибот дорад. Нархи як тон мис ҳафтаи гузашта ба болотар аз 6 360 доллар расид, ки дар муқоиса бо нархи оғози сол ду баробар бештар аст. Алюмин ё арзиз, ки аз тавлидоти бузургтарин корхонаи саноатии Тоҷикистон "Талко" ба шумор меравад, дар давоми як соли ахир 25 дарсад боло рафтааст. Болоравии нархи ин маҳсулот дар ҳоле мушоҳида мешавад, ки дар марҳалаи бӯҳрони иқтисодӣ ниёз ба ин филизот камтар шудааст.
XS
SM
MD
LG