Пайвандҳои дастрасӣ

Мулоқоти нахуствазирони СҲШ дар Пекин поён ёфт


Дар Пекин-пойтахти Чин раҳбарони ҳукуматҳои шаш кишвари узви Созмони Ҳамкории Шанхай мулоқоти худро бо ин натиҷа ба поён расонданд, ки дар оянда ҳамкориҳои иқтисодии худро тавсеъа медиҳанд. Созмони мазкур аз Русияву Чин, Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистону Ӯзбекистон иборат аст. Эрону Ҳиндустон ва Покистону Муғулистон дар ин созмон мақоми нозирро доранд. Вен Жибао-нахуствазири Чин гуфт, ширкаткунандагон барои тавсеъаи ҳамкориҳои чандҷонибаи иқтисодӣ ва раҳоӣ аз бӯҳрони саросарии молӣ тарҳи як силсила тадобирро таҳия кардаанд. Вазъи Афғонистон низ дар ин мулоқот баррасӣ шудааст. Аз Тоҷикистон дар ин мулоқот Оқил Оқилов-нахуствазири ин кишвар ширкат дошт.
XS
SM
MD
LG