Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон фурӯши чароғҳои тасфанда мамнӯъ шуд


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дастур додааст, ки на танҳо воридоти чароғҳои тасфанда ба кишвар, балки фурӯши он низ дар Тоҷикистон мамнӯъ эълон шавад. Воридоти он аз аввали моҳи октябр иҷоза дода намешавад. Дар ин бора дафтари матбуотии раёсати ҷумҳурӣ хабар додааст. Дар охири моҳи август раиси ҷумҳур дастуре содир кард, ки тибқи он аз 1-ӯми октябр воридоти чароғҳои тасфанда мамнуъ аст ва дар саросари кишвар онҳо бояд бо чароғҳои каммасраф иваз шаванд. Ҳоло чароғҳои каммасрафи чиноӣ дар бозорҳо аз 1,5 то 4 доллар арзиш дорад. Чароғҳои каммасрафи Туркия ё навъи Phillips аз 5 то 10 доллар ба фурӯш меравад. Ин дар шароитест, ки моҳе дастмузди миёна дар Тоҷикистон тибқи маълумоти идораи омори ин кишвар 80 долларро ташкил медиҳад.
XS
SM
MD
LG