Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Имрӯз Абдуллоҳ Гул ва Серж Саркисян, руасои ҷамоҳири Туркия ва Арманистон дар бозии футболи дастаҳои мунтахаби кишварҳои худ барои роҳ ёфтан ба бозиҳои ҷоми ҷаҳонӣ ширкат мекунанд.

Онҳо умедворанд, ки ин тадбир қадами дигаре дар роҳи оддӣ сохтани муносиботи хасмонаи ҷонибҳо бошад.

Бозии дастаҳои ду кишвар дар шаҳри Бурсаи Туркия дар ҳоле баргузор мешавад, ки охири ҳафтаи гузашта ҳайатҳои ду ҷониб дар шаҳри Сюрихи Швейтсария аҳдномаи барқарории равобити дипломатӣ имзо карданд.

Тибқи ин аҳднома ҷонибҳо марзҳоро бар рӯи якдигар боз мекунанд. Дастаҳои футболи ҳар ду кишвар имкони роҳ ёфтан ба даври ниҳоии бозиҳои ҷоми ҷаҳониро надоранд, вале ин бозӣ "дипломатияи футбол" ном гирифтааст. Соли гузашта раиси ҷумҳури Туркия дар Ереван дар бозии миёни ду кишвар ширкат карда буд.
XS
SM
MD
LG