Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирозгарони "Сангтӯда-2" барканор шуданд?


Тоҷикистон дар эҳдоси нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» низ мушобеҳи «Сангтӯда -1» дар пардохти ҳуқуқи моҳонаи коргарон ба мушкил рӯбарӯ шудааст.

Дар ҳоле, ки дар ҳалли ин масъала на Тоҷикистон, балки ширкатҳои сохтмонии эронӣ масъул ҳастанд. Аммо ҷониби Эрон мегӯяд, Тоҷикистон ҳиссаи худ дар сохтмони ин нерӯгоҳро пардохт накардааст ва ба ҳамин далел ин мушкил пеш омадааст.

Ахиран 60 нафар аз коргарони сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-2 барои ҳалли масъалаи дарёфти ҳуқуқи моҳона даст ба эътисоб зада буданд. Дар ҷараёни коршикании кормандони маҳаллии нерӯгоҳ масъулони ширкати сохтмонии эронӣ бо онҳо мулоқот карда, ва ваъдаи пардохти моҳонаи онҳоро дода буданд. Зеро ин коргарон беш аз ду моҳи ахир наметавонистанд моҳонаи худро дарёфт кунанд.

Ду рӯзи пеш чанд нафар аз коргарони «Сантӯда -2» аз тариқи телефон бо радиои Озодӣ дар тамос шуда, хабар доданд, ки беш аз 30 тан аз афроди даст ба эътисобзада аз сӯи ширкати эронӣ аз кор барканор шуданд. Вале Сайид Аскарӣ, намояндаи ширкати эронии «Сангоб» дар Тоҷикистон, ширкати фармоишгари сохтмони нерӯгоҳи «Сангтӯда -2», дар як тамоси телефонӣ бо радиои Озодӣ ин иддаоро, ки ба маҳзи коршиканӣ коргарони маҳаллӣ аз кор барканор шудаанд, бепоя хонд. Оқои Аскарӣ гуфт, дар ҳоли ҳозир, ин ширкат танҳо моҳонаи моҳи сентябрро напардохтааст, ки рӯзҳои наздик пардохт мекунад. Вале ба ин далел, ки ширкат барои анҷоми эҳдоси нерӯгоҳ мӯҳлати муайян гирифтааст муаззаф аст, ки ӯҳдадории худро сари вақт иҷро кунад.

Намояндаи ширкати эронии «Сангоб» таъйид кард, ки дар ҳоли ҳозир ширкати «Барқи тоҷик» бархе аз ӯҳдадориҳои худро дар мавриди пардохти ҳиссаи тарафи Тоҷикистонро иҷро накардааст, ки ба кори сохтмон то андозае мушкил пеш овардааст. Вай гуфт, давлати Тоҷикистон солона дар се марҳала - яке моҳи феврал, дуввум моҳи май ва савум моҳи октябр бояд ҳиссаашро пардохт кунад. Ва ҳоло як қисме аз маблағҳои моҳи май ва октябр пардохтношуда боқӣ мондааст. Намояндаи ширкати мазкур нахост, ки дар бораи ҳаҷми ин маблағ сӯҳбат кунад. Аммо ба иттиллои дарёфтти ин маблағ беш аз 6 миллиону доллар аст.

Нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-2 яке аз силсиланерӯгоҳҳо дар рӯдхонаи Вахш, дар ҷануби Тоҷикистон аст. Ин тарҳи муштараки давлати Тоҷикистон ва Эрон аст. Ҷониби Эрон дар ин сохтмон 180 миллион $ сармоягузорӣ мекунад. 40 миллион доллари дигарро ҷониби Тоҷикистон пардохт хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG