Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Чин меҳмони бузургтарин намоишгоҳи китоб дар ҷаҳон


Имрӯз дар Франкфурти Олмон бузургтарин намоишгоҳи китоб дар ҷаҳон гушоиш ёфт. Чин дар ин намоишгоҳ меҳмони ифтихорӣ ба шумор меравад. Созмондиҳндагони он 15 сол кор карданд, то амнияти ҳузури Чинро ба унвони меҳмони вижа дар ин намоишгоҳи 5-рӯза таъмин кунанд. Бо вуҷуди ин, эътирозҳо бар зидди сосури Чин ё озодии баён мушоҳида мешавад. Ангела Меркел-нахуствазири Олмон зимни гушоиши 61-ӯмин солгарди ташкили намоишгоҳ гуфт, роҷеъ ба ин намоишгоҳ "дар баррасиҳо ҳеҷ гуна табу" ё мавзӯи мамнӯъ вуҷуд нахоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG